Байни ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғди Тоҷикистон ва ноҳияи Мақтаарали вилояти Туркистони Қазоқистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 05.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. 3 май ҷиҳати густариши ҳамкорӣ Ёддошти тафоҳум дар бораи барқарор намудани муносибатҳои бародарӣ байни ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ноҳияи Мақтаарали вилояти Туркистони Ҷумҳурии Қазоқистон ба имзо расид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.
Ёддошти тафоҳум дар доираи сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон аз ҷониби Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва ҳокими ноҳияи Мақтаарали вилояти Туркистони Қазоқистон Бакит Асанов имзо карда шуд
Ҳар ду ҷониб зимни имзои санади ҳамкорӣ вобаста ба вазъи соҳаҳои саноату кишоварзӣ ва таҳкими ҳамкорӣ дар бахши сармоягузорӣ изҳори омодагӣ намуданд. Таъкид гардид, ки дар вилояти Туркистон беш аз 50 ҳазор тоҷик зиндагӣ мекунад, ки бо вилояти Суғд ва минтақаҳои вилояти Туркистон муносиботи нек доранд. Тибқи ин ёддошт, ҷонибҳо муносибатҳои дӯстона барқарор намуда, дар соҳаҳои саноат, иқтисоду савдо ва кишоварзӣ ҳамкорӣ хоҳанд кард.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ идома дорад
Сокинони ноҳияи Мастчоҳ ҷашни Наврӯзро бо тантана истиқбол гирифтанд
23 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Ҳавошиносони Тоҷикистон барои пешгӯии боду ҳаво аз моделҳои пешрафта истифода мебаранд
Эмомалӣ Раҳмон: «Сиву панҷ сол барои таърих лаҳзаест, вале барои миллати тоҷик давраи сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад»
Дар роҳи Душанбе – Чаноқ бинобар корҳои профилактикӣ пардохти ғайринақдӣ муваққатан қатъ мешавад






