«БЕҲТАРИН ДОНИШҶӮИ ИДМ-2023». Магистранти Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон ғолиби озмуни байналмилалӣ шуд

Май 18, 2023 09:57

ДУШАНБЕ, 18.05.2023. /АМИТ «Ховар»/. Магистранти Академияи  идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Додхудо Шарифзода дар озмуни «Беҳтарин донишҷӯи ИДМ-2023» ғолиб омада, бо Дипломи дараҷаи I ва нишони сарисинагӣ сарфароз гардонида шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Академияи мазкур иттилоъ доданд.

Ин озмун бо ибтикори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҳамбастагӣ бо Ассотсиатсияи «Ҳаракати умумихалқии Бобек» ҷиҳати муайян намудани беҳтарин донишҷӯ байни донишгоҳҳои олии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд.

Бояд гуфт, ки магистранти мазкур зери роҳбарии ректори Академия, профессор Абдухалил Ғафурзода чанде қабл ғолиби озмуни «Беҳтарин мақолаи илмии ИДМ-2023», ки дар Ҷумҳурии Узбекистон доир шуда буд, дониста шуд ва бо Дипломи дараҷаи аввал ва медал қадрдонӣ гардид.

АКС: Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 18, 2023 09:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар деҳаи Фатмеви ноҳияи Айнӣ муассисаи таълимӣ бунёд карда мешавад
Дар Хуҷанд сеюмин Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – 2026 баргузор гардид
Оид ба тамоюлҳо ва дурнамои рушди инноватсиониии иқтисоди рақамӣ конференсияи байналмилалӣ доир гардид
Дар Данғара Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ доир шуд
Дар Кӯлоб Форуми омӯзгорону муҳассилини Тоҷикистону Русия баргузор шуд
Нушофарин Раҷабзода ғолиби даври шаҳрии Озмуни «Хонандаи сол – 2025» гардид
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо Донишгоҳи Оксфорд густариш меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба муносибати Рӯзи илми тоҷик Ҳафтаи илм доир мешавад
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷараёни татбиқи лоиҳаи таъсиси Маркази инноватсионии нассоҷӣ баррасӣ шуд
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд