Дар Бохтар озмуни вилоятии «Маҳсулот ва хизматрасонии беҳтарини Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023» баргузор шуд

Май 10, 2023 20:29

ХАТЛОН, 10.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. 5 май дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон озмуни «Маҳсулот ва хизматрасонии беҳтарини Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023» баргузор шуд, хабар доданд ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон Холзода дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон.

Дар баргузории озмун маҳсули корхонаҳои саноатӣ, аз ҷумла маҳсулоти ширӣ, гӯштӣ, шириниҳо, масолеҳои сохтмонӣ, дӯзандагӣ  ва инчунин дигар маҳсулоти коркарди саноатӣ ба намоиш гузошта шуд.

Роҳбарияти вилоят бо меҳмонон аз намоиши маҳсули корхонаҳои саноатӣ дидан намуда, бо фаъолони корхонаҳо оид ба истеҳсоли маҳсулот ҳамсуҳбат шуданд.

Иброз гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди соҳибкорӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, пайваста аз ташаббусҳои соҳибкорони мамлакат ҷонибдорӣ менамояд. Маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ соҳибкорӣ рушди тоза ёфта, дар мамлакат садҳо коргоҳу корхонаи истеҳсолӣ бунёд ёфт.

Вобаста ба эълон гардидани Солҳои рушди саноат (2022 – 2026) дар вилояти Хатлон корхона ва коргоҳи нави саноатии бозгӯ ба талаботи замони муосир бунёд ёфта, истеҳсолотчиёни ватанӣ ба истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир, ивазкунандаи воридот, муаррифи давлату миллати тоҷик комёб шуда истодаанд.

Воқеан, саноат муҳаррики асосии иқтисодиёт маҳсуб мешавад. Тавре Президенти мамлакат борҳо таъкид намудаанд, «рушди соҳаи саноат ба таъмин намудани устувории иқтисодиёт, ташкили ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакат ва рақобатнокии маҳсулот замина мегузорад».


Аз ин нигоҳ имрӯз соҳибкорони мо  супоришу ҳидоятҳои созандаи Президенти мамлакатро сармашқи кори худ намуда, азму талоши комил доранд, ки бо бунёди коргоҳу корхонаҳои нави саноатии бозгӯ ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ маҳсулот истеҳсол кунанд, рушди босуръати саноатро таъмин намоянд, бо маҳсулоти ватанӣ давлату миллати тоҷикро дар ҷаҳон муарриф бошанд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва зерсохторҳои он дар вилоят ба рушди соҳибкорӣ, истеҳсоли молу маҳсулоти рақобатпазиру воридотивазкунанда мусоидат менамоянд ва таваҷуҳи хосса доранд.

Хатлонзамин дорои маконҳои таърихӣ буда, диёри сайёҳӣ маҳсуб мешавад ва маҳсули дасти занони тоҷик, бахусус ҳунарҳои мардумӣ тариқи сайёҳон дар дунё муарифи фарҳангу ҳунари сокинони вилоят гардидааст.

Ба даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии «Маҳсулот ва хизматрасонии беҳтарин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 66 соҳибкор аз рӯи панҷ номинатсия —  маҳсулоти хӯрокворӣ– 23 дархост, маҳсулоти саноатӣ – 11, ҳунарҳои мардумӣ – 12 дархост, хизматрасонии хӯроки умумӣ – 14 ва хизматрасонии меҳмонхонаҳо – 6 дархост ба комиссияи вилоятии ин озмун пешниҳод гардида буд, ки ғолибон бо Ифтихорномаву Сипоснома қадрдонӣ карда шуданд.

АКС:Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон

Май 10, 2023 20:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Барои рушди соҳаи занбуриасалпарварӣ дар Тоҷикистон тадбирҳои иловагӣ андешида мешаванд
Дар Тоҷикистон наздикӣ 1000 адад гармхонаҳои доимамалкунанда фаъолият мекунанд
Бонки аврупоии таҷдид ва рушд омодагии худро ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои нав дар вилояти Суғд баён дошт
Бонки миллии Тоҷикистон бо IFSB омодасозии кадрҳои баландихтисос дар соҳаи бонкдориро баррасӣ намуданд
Дар корхонаи муштараки «Зарафшон» 3000 нафар сокинони маҳаллӣ фаъолият менамоянд
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон бо Швейтсария 49,8 миллион долларро ташкил дод
Дар Хоруғ Форуми байналмилалии сармоягузории «Помиринвест -2025» баргузор мешавад
Дар Душанбе Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Қирғизистон баргузор мешавад
Намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон дар нишасти солонаи Шурои хизматрасониҳои молиявии исломӣ иштирок намуд
Байни Тоҷикистон ва Фонди Саудии Рушд дар ҳаҷми 30 миллион доллари амрикоӣ созишномаи қарзӣ ба имзо расид
Гурӯҳи коршиносон ба ҷаласаи шашуми СҲШ оид ба ҳифзи муҳити зист омодагӣ мегирад
Ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти Тоҷикистон ба давраи тирамоҳу зимистон баргузор шуд