Дар Бонки миллии Тоҷикистон Маркази байналмилалии баҳодиҳии хавфҳо таъсис дода мешавад
ДУШАНБЕ, 11.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Интизор меравад, ки дар оянда дар Бонки миллии Тоҷикистон Маркази байналмилалии баҳодиҳии хавфҳо таъсис дода шавад. Ин матлаб дар Душанбе зимни вохӯрии намояндагони Департаменти мониторинги молиявии Бонки миллии Тоҷикистон ва Хадамоти федералии мониторинги молиявии Федератсияи Русия, ки дар он самтҳои асосии ҳамкорӣ байни ин ду ниҳод баррасӣ шуд, баён гардид.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки вохӯрии мазкур дар доираи муаррифии Маркази байналмилалии баҳодиҳии хавфҳои қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм доир шуда, мусоҳибон Консепсияи бахши бехатарии молиявӣ, вазифаю самтҳои асосии ҳамкорӣ, инчунин тартиби муайян кардани таҳдидҳои фавқулмиллиро дар асоси ин Консепсия муҳокима намуданд.
Ҳамзамон дар вохӯрӣ истифодаи амалии фаъолияти Маркази байналмилалии баҳодиҳии хавфҳо, вазифаҳои асосии он, захираҳо ва усули таҳлил дар заминаи захираҳои маркази мазкур нишон дода шуд. Тадбирҳои ташкилию ҳуқуқӣ барои таъсиси Маркази байналмилалии баҳодиҳии хавфҳо дар айни замон дар ҳолати ниҳоӣ қарор дошта, лоиҳаи созишномаи он аз расмиёти дохилидавлатӣ гузашта истодааст.
Баъди аз расмиёт гузаштани ин санад дар Бонки миллии Тоҷикистон Маркази байналмилалии баҳодиҳии хавфҳо таъсис дода мешавад.
АКС: Бонки миллии Тоҷикистон








«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар самти рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт баррасӣ шуд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ дар самти устувории иқлимӣ тақвият медиҳад
То соли 2030 ҳаҷми савдо байни Тоҷикистон ва Қазоқистон ба 2 миллиард доллар расонида мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.8300 то 11.0243 сомонӣ муқаррар шудааст
Тоҷикистон ба таҷрибаи бузургтарин оператори бозори неруи барқи Аврупо — Nord Pool мароқ зоҳир намуд
Дар Бохтар таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд






