Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ҷаҳонбинии нави иттилоотӣ конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
КӮЛОБ, 30.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. 27 май дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар мавзуи «Масъалаи ташаккули ҷаҳонбинии нави иттилоотӣ дар фалсафа ва илми муосир» конфронси ҷумҳуриявии илмӣ — назариявӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи мазкур иттилоъ доданд.
Пеш аз оғози конфронс намоиши асарҳои Пешвои миллат ва дастовардҳои омӯзгорони донишгоҳ ба роҳ монда шуд.
Дар ҷаласаи ифтитоҳии конфронс доир ба бузургтарин дастовардҳои давлату ҳукумати мамлакат, саҳми мардуми шарифи тоҷик дар бунёдкориҳо ва муваффақияти донишгоҳ ёдоварӣ карда шуд.
Дар ҷараёни конфронс дар мавзуъҳои «Фалсафаи иттилоот: ҳолат ва дурнамо», «Илм дар асри XXI: проблемаҳо, андешаҳо ва моделҳои илмӣ», «Фалсафаи таҳсилоти муосир», «Ҷанги сард ва амнияти иттилоотӣ дар замони муосир», «Иттилоот ҳамчун проблемаи глобалӣ» ва «Ҷаҳонишавӣ — зуҳуроти иҷтимоӣ ва бархурди он ба арзишҳои миллӣ» (ондайнӣ) маъруза карда шуд.
Пас аз ҷамъбаст кори конфронс дар ду бахш: «Иттилоот ва ҷаҳонбинӣ» ва «Нақши ҷаҳонбинии нави иттилоотӣ» идома ёфт.
АКС: Донишгоҳи давлатии Кӯлоб








Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрории давраи сеюми имтиҳонҳои дохилшавиро эълон намуд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва Муассисаи фарҳангии АКК Созишнома оид ба омӯзиши забони ҷопонӣ ба имзо расид
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 баргузор мегардад
Дар Душанбе доир ба ташаккули маърифати зиддикоррупсионӣ ҳамоиш баргузор гардид
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон соҳиби аккредитатсияи байналмилалии институтсионалӣ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Кӯлоб муассисаи таълимӣ баъди таъмиру навсозӣ ба истифода дода шуд
Донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар Олимпиадаи байналмилалӣ оид ба бехатарии молиявӣ иштирок намуданд






