Дар Ҳисор бахшида ба эҷодиёти шоир ва драматурги тоҷик Ҳикмат Раҳмат маҳфили адабӣ баргузор шуд

Май 29, 2023 19:30

ДУШАНБЕ, 29.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. «Тулуи хирад»- таҳти чунин унвон дар Кохи фарҳанги шаҳри Ҳисор маҳфили адабии драматург, тарҷумон ва шоири шинохтаи тоҷик Ҳикмат Раҳмат  баргузор гардид, ки дар он роҳбарияти шаҳр, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, олимон, шоирон ва нависандагони шинохта  иштирок намуда, доир ба осори шоир ва саҳми  Ҳикмат Раҳмат дар рушди адабиёти муосири тоҷик сухан гуфтанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ доданд.

Таъкид шуд, ки Ҳикмат Раҳмат дар радифи  шахсиятҳои шинохтаи  илму адаби  тоҷик  қарор дорад. Ҳикмат Раҳмат дар Тоҷикистон шоирони ширинкалому нозукбаён, беҳтарин мутарҷим, рӯзноманигори воқеъбину ҳақиқатбаён ва олими дақиқкору фозил шинохта мешавад.

Осори Ҳикмат Раҳмат дар доираи китобҳои «Гулбарг», «Занги оина», «Шабоҳанг», «Паймони вафо», «Шукуфаи сарнавишт» ва ғайра ҷамъ оварда шуда, ҳаводорони зиёд дорад ва  дар  таълиму тарбия, баланд бардоштани  завқи шеърхонию иншои шеър ва дигар самтҳои адабию фарҳангии хонанда  нақши муҳим мегузорад.

Фаъолият ва маҳсулу ранҷу заҳмати эҷодию тадқиқотии Ҳикмат Раҳмат бо мукофоти зиёде, аз ҷумла Ифтихорномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, нишонҳои «Аълочии маорифи Иттиҳоди Шӯравӣ», «Аълочии маорифи Тоҷикистон», медали «Собиқадори меҳнат», ҳамчунин дар партави сиёсати хирадмандона ва таваҷҷуҳи хоссаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи адабиёт хизматҳои устод ҳамчун вассофи даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон  соли 1998 бо унвони фахрии «Корманди шоистаи Тоҷикистон» ва соли 2009 бо Ҷоизаи ба номи Мирзо Турсунзода қадршиносӣ шудааст.


Дар маҳфили адабӣ адибони шинохтаи тоҷик хотироти худро нисбат ба пайроҳаи эҷодии шоир варақгардон намуда, аз лаҳзаҳои фаъолияти ӯ нақлҳои ҷолиб намуданд.

Шоир Ҳикмат Раҳмат бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу субот бо сипосу эҳтиром аз таваҷҷуҳи пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли қалам ёдовар шуда, изҳор дошт, ки ваҳдату истиқлол неъмати бебаҳо буда, ба қадри он, пеш аз ҳама, адибон мерасанд. Чунки ба онҳо имконияти ба оламиён бештар муаррифӣ намудани адабиёт ва таъриху фарҳанги камназири тоҷик муяссар гардидааст.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор

Май 29, 2023 19:30

Хабарҳои дигари ин бахш

1744 нафар довталаб аз шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ба даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» роҳхат гирифтанд
«ШОҲНОМА – ШОҲАСАРИ МОНДАГОР ВА ПАЙВАНДГАРИ НАСЛҲОИ ОРИЁӢ». Дар Душанбе конфронси байналмилалӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Рӯзҳои фарҳанги шаҳри Панҷакент, Исфара ва ноҳияҳои Ҳамадонӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Кӯшониён ва Бобоҷон Ғафуров доир мегардад
Роҳбарияти Осорхонаи миллӣ дар Форуми якуми байналмилалии осорхонаҳои Авруосиё иштирок намуд
Раиси Ассотсиатсияи тиҷорати Қатар Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо кард
22 июн даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» оғоз меёбад
Дар Ҳисор даври шаҳрии Озмуни ҷумҳурияви «Шоҳномахонӣ» ҷамъбаст шуд
Дар даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» 2677 довталаб иштирок менамояд
Китоби нав таҳти унвони «Зиёӣ» ба табъ расид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Рӯдакӣ доир шуд
РӮЗИ ФАРҲАНГИ НОҲИЯИ ҚУБОДИЁН. Барномаҳои рангини фарҳангиву фароғатӣ таваҷҷуҳи иштирокчиёнро ба худ ҷалб намуд
Китоби «Китобномаи шарҳиҳолӣ»-и Сипеҳр Ҳасанзод рӯнамоӣ гардид