Дар шаҳри Турсунзода Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Фарфор Ҳоҷӣ Амон» ба истифода дода шуд

Май 25, 2023 14:01

ТУРСУНЗОДА, 25.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Турсунзода бо  иштироки намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва роҳбарияти шаҳр Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Фарфор Ҳоҷӣ Амон» мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.  Дар ин хусус ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода иттилоъ доданд.

Корхонаи мазкур дар деҳаи Регари Ҷамоати деҳоти Регари шаҳри Турсунзода бо саҳми соҳибкори ватанӣ Акбар Ҳомидов дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва саноатикунонии мамлакат сохта шуда, дар марҳилаи аввал 4 намуд маҳсулот, аз қабили чойник, пиёла, коса ва табақ истеҳсол карда мешавад.

Корхона бо технологияи соҳавӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда, тавассути он маҳсулоти хушсифат  истеҳсол мегардад. Ашёи хом барои истеҳсоли чойник, пиёла ва коса аз хориҷи мамлакат ворид карда шуда, баъди дар чанд марҳила коркард намудан аз он  маҳсулоти тайёр истеҳсол мегардад. Дар навбати авал дар корхона бештар аз 30 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардид, ки бештари онҳо занон мебошанд. Корхонаи мазкур  дар як сол бо иқтидори  то 500 ҳазор адад маҳсулот истеҳсол менамояд, ки ин раванд имконият медиҳад ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ афзоиш дода шавад. Роҳбарияти корхона  ният доранд, ки дар оянда бо ворид намудани хати нави технологӣ ҳаҷми истеҳсолро зиёд намуда, шумораи кормандонро ба 60 нафар расонанд ва маҳсулоти хушсифати ватанӣ истеҳсол кунанд.

Рушди соҳаи саноат дар шаҳри Турсунзода дар заминаи аз ҷониби давлат дастгирӣ ёфтани бахши хусусӣ ва пешниҳоди имтиёзу имконият барои соҳибкорон таъмин гардида, ҳамасола ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ афзоиш меёбад. Дар доираи Солҳои рушди саноат (2022-2026) дар шаҳри Турсунзода бунёди беш аз 20 коргоҳу корхонаи нав ба нақша гирифта шудааст, ки то имрӯз аксари он сохта шуда,  фаъолият мекунанд. Тавассути бунёди  корхонаҳои нав номгӯи маҳсулоти санотӣ ва ҳаҷми истеҳсол афзоиш меёбад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода

Май 25, 2023 14:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар самти рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт баррасӣ шуд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ дар самти устувории иқлимӣ тақвият медиҳад
То соли 2030 ҳаҷми савдо байни Тоҷикистон ва Қазоқистон ба 2 миллиард доллар расонида мешавад
Тоҷикистон ба таҷрибаи бузургтарин оператори бозори неруи барқи Аврупо — Nord Pool мароқ зоҳир намуд
Дар Бохтар таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд