Дар Тоҷикистон Маркази миллии коркарди маълумот –«Data Center» бунёд мешавад

Май 23, 2023 10:52

ДУШАНБЕ, 23.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ширкати чинии «Huawei» бо дастгирии молиявии ширкати «Zhongguancun Smart City co., Ltd» тасмим гирифтааст, ки дар Тоҷикистон «Data Center» бунёд намояд. Ин дар ҳолест, ки байни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази «Zhongguancun Smart City co., Ltd» ва Ширкати «Huawei Technologies Tajikistan» оид ба бунёди Маркази миллии коркарди маълумот –«Data Center» дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расид. Санади мазкур дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Чин ва Саммити сарони давлатҳои «Чин –Осиёи Марказӣ» ба имзо расидааст.

Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дар натиҷаи музокираҳо яке аз таъминкунандагони пешбари ҷаҳон оид ба технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ- ширкати «Huawei Technologies Tajikistan» бо дастгирии молиявии ширкати чинии «Zhongguancun Smart City co., Ltd» омодагии худро барои таҳвили таҷҳизот ҷиҳати иҷрои корҳои муҳандисӣ, инчунин гузаронидани ҳама намуди машварат барои бунёди Маркази миллии коркарди маълумот -«Data Center» баён намуд. Истифодаи технологияҳои нав, ки асоси онро -«Data Center»-ҳо ташкил медиҳанд, ба самаранокии шаффофият ва амнияти иттилоотӣ нигаронида шудааст.

Бояд тазаккур дод, ки ширкати «Huawei» бо 170 кишвари ҷаҳон ҳамкорӣ ба роҳ монда, аз соли 2005 инҷониб дар Тоҷикистон фаъолият менамояд.

Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати саноатикунонии босуръати мамлакат ва бахшида ба Солҳои рушди саноат (2022-2026) бо шарикони рушд ва ширкатҳои бонуфузи хориҷӣ ҳамкорӣ ва робитаҳои зич ба роҳ монда, бо мақсади ҷалби онҳо ба самти татбиқи лоиҳаҳои гуногуни соҳаи саноат тадбирҳои муассир меандешад. Бунёди Маркази миллии коркарди маълумот –«Data Center» бо дастгирии молиявии ширкати чинии «Zhongguancun Smart City co., Ltd» шаҳодати ин гуфтаҳо мебошад.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Май 23, 2023 10:52

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар самти рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт баррасӣ шуд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ дар самти устувории иқлимӣ тақвият медиҳад
То соли 2030 ҳаҷми савдо байни Тоҷикистон ва Қазоқистон ба 2 миллиард доллар расонида мешавад
Тоҷикистон ба таҷрибаи бузургтарин оператори бозори неруи барқи Аврупо — Nord Pool мароқ зоҳир намуд