«ДУНЁИ МАРЯМ». Дар Душанбе китоби нав рӯнамоӣ гардид
ДУШАНБЕ, 05.05.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбии «Парасту – 2023» дар Театри давлатии академии драмавии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лаҳутӣ таҳти унвони «Дунёи Марям» рӯнамоии китоб дар бораи Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Марям Исоева баргузор гардид. Дар ин хусус хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад.
Китоб ба 85-солагии ҳунарпешаи маъруфу боистеъдоди Тоҷикистон ва берун аз он ва 65-солагии фаъолияти эҷодии ӯ дар саҳнаи театр бахшида шудааст. Дар китоб мақолаю мусоҳибаҳо, шеъру хотираҳои мавсуф гирд оварда шудаанд.
Марям Исоева яке аз бонувони соҳибистеъдоде аст, ки дар пешрафти театри тоҷик саҳми арзанда гузоштааст. Ин бонуи ҳунар мактаби махсуси худро дошта, солҳост дар саҳнаи театр ба тамошобинону мухлисон сабақи зиндагӣ меомӯзонад. Ҳаёту фаъолияти ӯ оинаест, ки мухлисон дар он худро дида, аз зиндагӣ сабақ мегиранд.
Марям Исоева дар кино низ нақшҳо офарида, санъату фарҳанги тоҷикро ба оламиён муаррифӣ намудааст. Аз ҷумла, дар филмҳои «Ҳасани аробакаш», «Рустам ва Суҳроб», «Ормони модар», «Дар интизори падар», «Достони Рустам», ки беҳтарин филмҳои тоҷикӣ ба ҳисоб мераванд.
Дар рӯнамоии китоб аҳли зиё, эҷодкорону нависандагон, ҳунармандон ва мунаққидони кино, дӯстдорони санъати театрӣ ва мухлисони эчодиёти ҳунарпеша иштирок намуданд.
Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон иброз дошт, ки саҳна оинаест, ки ба одамон тарзи зистан, рафтор кардан, ишқу муҳаббат варзидан, яъне ҳамаи он чиро, ки ба инсон зарур аст, меомӯзонад.
Тавре ӯ гуфт, театр-ин муъҷиза аст. Гарсиа Лорка гуфта буд: «Миллате, ки театр надорад, миллат нест».
Мавсуф изҳор дошт, ки миллати тоҷик ҳанӯз аз замонҳои қадим чӣ будани театрро медонист. Театр дар симои афсона, дар симои масхарабозҳо асрҳои пешин дар байни миллати тоҷик аллакай вуҷуд дошт. Дар Тоҷикистон соли 1929 театри касбии тоҷик таъсис ёфт ва дар саҳнаи Театри ба номи А.Лоҳутӣ бори аввал намоиши якпардагии «Калтакдорони сурх» манзури тамошобинон гардид.
Иштирокдорон иброз доштанд, ки дар ҳақиқат Марям Исоева тавонистааст, ки дар тӯли собиқаи эҷодиаш даҳҳо нақши мондагор офарад. Бахусус ӯ дар иҷрои нақши модар дар намоишҳои гуногун маҳорати фавқулода нишон дода, ҳамчун инъикоскунандаи симои зан-модари тоҷик пайваста дар пеши назар ҷилвагар аст.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Бадахшон иқдоми «Тоҷикона мепӯшем!» оғоз гардид
Доир ба нақши матбуоти тоҷик дар таҳкими арзишҳои соҳибистиқлолӣ ҳамоиш баргузор гардид
ГУЛҲОИ ВАТАН ШУКУФТА БОЛОИ ЧАКАН. Дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Ин иқдом соли ҳаштум аст бо мақсади ҳифзи либоси миллӣ гузаронида мешавад
МАН СУРУДИ ОСИЁЯМ, ҚИТЪАИ ОГОҲДИЛ. Эҳдо ба 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ». Дар ноҳияи Ёвон роҳпаймоӣ баргузор гардид
Дар шароити ҷаҳонишавӣ мероси миллӣ ва маънавиро ҳифз мебояд кард
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар Осорхонаи миллӣ конфронси илмӣ доир шуд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» дар соли 2026 баргузор гардид
Дар «Тоҷикфилм» 12 лоиҳаи нави синамоӣ муаррифӣ карда шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Кафедраи ЮНЕСКО таъсис дода шуд
ИСТЕҲСОЛИ ФИЛМҲОИ МИЛЛӢ ДАР ТОҶИКИСТОН КАМ АСТ. Ва ё рушди кинои миллӣ аз кӣ ва чӣ вобаста аст?






