«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Дар Душанбе нахустин маҳфил-викторинаи «Пайравони Пешвои миллат» баргузор гардид

Май 15, 2023 11:46

ДУШАНБЕ, 15.05.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат» дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода нахустин маҳфил-викторинаи «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» таҳти унвони «Пайравони Пешвои миллатем!» баргузор гардид, хабар доданд дар Кумитаи мазкур.

Нахустин маҳфил – викторина бо иштироки роҳбарияти Донишкада, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш,  ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат», донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии ҳудуди шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд.

Таъкид карда шуд, ки баргузории барномаҳои дорои хусусияти зеҳнӣ, аз ҷумла Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ба баланд бардоштани сатҳи маънавиёти насли ҷавон, зиёд намудани рағбати онҳо ба китобхонӣ ва ба ин васила- баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ, худогоҳиву худшиносӣ ва таҳкими ҳувияти миллии онҳо мусоидат менамояд.

Ҳукумати мамлакат барои рушди соҳаи китобдорӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати аҳолии мамлакат пайваста тадбирҳои муассир меандешад. Далели равшани гуфтаҳои боло иқдоми пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президент Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба баргузор намудани Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» мебошад.

Воқеан, дар ташаккули андешаи миллӣ ва таҳкими истиқлоли давлатӣ нақши китоб хеле бузург аст. Маҳз ҳамин дастгириҳои маърифатпарваронаи Пешвои миллат аст, ки солҳои охир соҳаи китобдорӣ ва илму ирфон рӯз ба рӯз рушд намуда истодааст. Ҳар иқдоме, ки аз олами афкору андешаҳои сабзу созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзи вуҷуд мекунад, сабаби  болоравии маънавиёти мардум, бахусус насли ҷавон ва қишрҳои мухталифи ҷомеа мегардад.

Маҳфил – викторинаи «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» хеле пурмазмун доир шуда, дар он дӯстдорони китоб байни худ муколама намуданд. Беҳтаринҳои маҳфил бо туҳфаҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш сарфароз гардонида шуданд.

Зимни маҳфил-викторинаи «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз ҷониби муҳассилин ва аҳли эҷоди Донишкада барномаи фарҳангии ҷолиб  намоиш дода шуд.

АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 15, 2023 11:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷамъбаст мегардад
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» дар соли 2026 баргузор гардид
Дар Коллеҷи технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
54 донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» роҳхат гирифт
Ҷаласаи кории ҳайати комиссияи ҷумҳуриявии озмуни «Шоҳномахонӣ» баргузор шуд
Дар Хатлон барои баргузории даври вилоятии озмунҳои ҷумҳуриявӣ беш аз 2 миллион сомонӣ ҷудо гардид
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Дар Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумова даври муассисавии озмун оғоз гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ҷаласаи гурӯҳи кории Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Данғара даври аввали (муассисавии) Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз шуд
Дар Осорхонаи миллӣ дастовардҳои ғолибони озмуни «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» ба намоиш гузошта шуд
«ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Бо мақсади шаффофият ва дақиқияти холҳои ғолибон портали электронӣ таъсис дода шуд