Моҳи июн дар шаҳри Сочи Конгресси Авруосиё’23 баргузор мешавад

Май 13, 2023 16:49

ДУШАНБЕ, 13.05.2023 /АМИТ «Ховар»/.  8-9 июн дар Боғи илм ва санъати «Сириус» дар шаҳри Сочии Федератсияи Русия Конгресси Авруосиё’23  баргузор мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Бонки рушди Авруосиё  хабар  доданд.

Дар конгресс чун анъана иҷлосияву муколамаҳои кушод  байни соҳибкорон, институтҳои молиявӣ, намояндагони мақомоти ҳокимияти давлатӣ, олимону коршиносон доир мегардад. Намояндагони беш аз 20 кишвари ҷаҳон барои дарёфти роҳҳои беҳтари рушди минтақаи Авруосиё, инчунин ҳамкорӣ барои беҳбуди шукуфоӣ ва рушди иқтисоди он ҷамъ меоянд.

Соли равон таваҷҷуҳ бештар ба ҳамкорӣ дар бахшҳои ҳаётан муҳим, аз қабили рушди маҷмааи обу энергетикии Осиёи Марказӣ ва инфрасохтори нақлиётию логистикӣ, тарҳи лоиҳаҳои пешрафтаи байнидавлатӣ дар соҳаи  саноат ва трансформатсияи рақамӣ нигаронида мешавад. Иштирокчиёни конгресс иқтидори шарикии байнисарҳадии давлат ва бахши хусусиро ҳамчун механизми татбиқи лоиҳаҳои бузурги инфрасохторӣ баррасӣ хоҳанд кард.

Дар баробари хатарҳои глобалӣ масъалаҳои таъмини амнияти озуқаворӣ ҳам дар сатҳи миллӣ ва ҳам  минтақавӣ аҳамияти хосса пайдо мекунад. Иҷлосияи пленарии конгресс ба ҳамин мавзуъ низ  бахшида мешавад.

Хоҳишмандон метавонанд барои сабти ном ва шиносоӣ  бо барномаи конгресс ба сомонаи Конгресси Авруосиё’23 ворид шаванд.

АКС: Бонки рушди Авруосиё 

Май 13, 2023 16:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ҷаласаи 10-уми Гурӯҳи кории махсуси СҲШ оид ба мусоидат ба сармоягузорӣ доир гардид
Дар вилояти Суғд зеристгоҳи барқии «Ёва» бо иқтидори 110/35/10 кВ ба истифода дода мешавад
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд
Дар Конибодом ҷамъоварии пахта ва кишти такрорӣ идома дорад
Дар сардхонаҳо ва анборхонаҳои Тоҷикистон 12 ҳазор тонна ғалладонагиҳо захира гардидаанд
Дар вилояти Суғд беш аз 33 фоизи нақшаи ҷамъоварии пахта иҷро гардидааст
Дар Тоҷикистон имсол ангишт бештар истихроҷ гардидааст
Дар Тоҷикистон истеҳсоли гӯшти паранда беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Дар вилояти Хатлон ҷамъоварии пахта 40,76 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ зеристгоҳи нави 110 кВ-и «Чубек» ба истифода дода шуд
Дар Туркманистон ҷаласаи 95-уми Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии хоҷагии обии Осиёи Марказӣ доир шуд
«Саноатсодиротбонк» ба натиҷаҳои назарраси молиявӣ ноил гардид