«САД РАНГИ ЧАКАН». Дар доираи фестивали ҷумҳуриявӣ дар Душанбе намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва либосҳои миллӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 05.05.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар доираи баргузории Фестивали ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан» дар шаҳри Душанбе намоиши ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардид. Ҳадаф аз он баланд бардоштани ифтихори миллӣ, арҷгузорӣ ба фарҳанги воло, тарбияи зебоипарастӣ, тарғибу ташвиқи либосҳои миллӣ, эҳёи ҳунарҳои миллию муаррифии он ва ба наслҳои оянда пешкаш кардани ҳунари аҷдодӣ мебошад, иттилоъ медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
Дар фестивал муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳилолбӣ Қурбонзода, раисони бахшҳои занони шаҳру ноҳияҳои мамлакат ва тарроҳону гулдӯзони мамлакат иштирок намуданд.
Дар намоиш беҳтарин намунаҳои ин ҳунари мардуми тоҷик, аз қабили куртаҳои чакан, рӯймоли миён, тоқии чакан, бардеворӣ, рукӯрпагӣ, рӯгаҳворагӣ, рӯйҷо, чойгир, салла (дастор) ва дигар намудҳо ба маъраз гузошта шуд, ки чеварони минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ ҳунари гулдӯзӣ ва чакандӯзии хешро асосан дар ҳамин намуди ашёи чаканӣ хуб нишон додаанд.
Инчунин дар намоиш маснуоти ороишии занона, ба монанди ангуштарин, дастпона, гӯшвор, гарданбанд, тоҷ, миёнбанд ва ғайра пешниҳоди тамошобинон гардонида шуд, ки занон дар баробари куртаи чакан ин ороишотро низ барои зебу зиннати худ истифода мебаранд.


Бояд гуфт, ки баргузории Фестивали ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан», ки бо ибтикори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо занон ва оила дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат ҷараён гирифт, яке аз тадбирҳое ҳисобида мешавад, ки ба хотири эҳёи суннатҳои миллии тоҷикӣ доир мешавад.
Ёдовар мешавем, ки бо иқдоми наҷиби дурбинонаву ояндасози Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баланд бардоштани мақому манзалати нақшу нигор, сӯзанидӯзиву гулдӯзии матоъҳои миллӣ, намоиш додани ҳунари волои тарроҳону ҳунармандон дар ҷаласаи 13-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО дар шаҳри Порт-Луиси Ҷумҳурии Маврикий номинаи «Чакан, ҳунари гулдӯзӣ» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ин Созмон расман ба рӯйхати Мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид гардид, ки мояи ифтихори мардуми сарбаланду фарҳангсолори тоҷик мебошад.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»









Дар шаҳри Душанбе бо мақсади муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон дар самти эҳёи ёдгориҳои таърихӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Тоҷикистон наворбардории филми мустанади «Хутали қадим» оғоз гардид
«ЯК МАТОВУ САД РАНГ». Дар даври вилоятии ин фестивал-озмун шаҳри Хоруғ соҳиби ҷойи якум гардид
Китобҳои «Эмомалӣ Раҳмон — Ҷамшеди рӯзгори мо» ва «Наврӯз аз Рӯдакӣ то имрӯз» муаррифӣ гардиданд
««Намунаи адабиёти тоҷик»-падидаи таърихӣ-фарҳангӣ дар тамаддуни мардумони Осиёи Марказӣ» дар нашриёти «Дониш» чоп шуд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» баргузор гардид
Дар шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон намоиш-фурӯши китоб доир гардид
«МАРДИ АРСАИ ҲУНАР». Таҳти чунин унвон оид ба фаъолияти Сафармуҳаммад Айюбӣ китоб ба нашр расид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд






