«ШАҲРАКИ ТАХТИ САНГИН-МЕРОСИ БОСТОНИИ ХАЛҚИ ТОҶИК». Оид ба он дар Осорхонаи миллӣ конфронси ҷумҳуриявӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 19.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. «Шаҳраки Тахти Сангин – мероси бостонии халқи тоҷик» — таҳти чунин унвон 15 май дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид, ки дар он роҳбарият ва кормандони Осорхонаи миллӣ, намояндагони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон иштирок намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Фариддун Кенҷаев иттилоъ дод.
Иштирокдорони конфронс дар мавзуъҳои «Тахти Сангин – маркази динии Ориёнвейҷ», «Ҳифз ва муаррифии Тахти Сангин дар даврони истиқлол», «Тахти Сангин аз нигоҳи муҳаққиқони тоинқилобии рус», «Баргузории ҳафриёт дар ёдгории эллинистии Тахти Сангин дар даврони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» маъруза намуданд.
Таъкид шуд, ки «Тахти Сангин» ёдгории арзишманде аст, ки ба давраҳои Ҳахоманишиҳо, Мақдуниҳо ва Кушониён (асрҳои V то мелод ва II мелодӣ) тааллуқ дошта, бозёфтҳои нодири он бо номи «Хазинаи Амударё» то ба имрӯз мавриди омӯзишу таҳқиқи олимони ҷаҳон қарор дорад.


Ёдгории таърихии «Тахти Сангин» дар даврони Истиқлоли давлатии Тоҷикистон барои ворид гардидан ба Феҳристи мероси фарҳангии ҷаҳонии ЮНЕСКО пешниҳод шуда, ноябри соли 2021 номинаи Тоҷикистон оид ба 2500-солагии шаҳраки қадимаи «Тахти Сангин» ба Феҳристи ҷашнвораҳои ЮНЕСКО барои таҷлил дар солҳои 2022-2023 ворид шуд.
Дар хотимаи конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ байни олимон, муҳаққиқон, бостоншиносон дар мавзуи «Шаҳраки Тахти Сангин – мероси бостонии халқи тоҷик» табодули афкор сурат гирифт.
АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон








МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Форуми байналмилалии «Ҳамкории муштараки киносозону продюсерон» ва нишасти матбуотӣ баргузор гардид
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг доир шуд
Иштирокдорони Анҷумани сеюми забоншиносони ҷаҳон бо осори таърихию фарҳангии Осорхонаи миллии Тоҷикистон шинос шуданд
Пагоҳ дар Тоҷикистон Иди Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Эрон оғоз гардиданд
ИМРӮЗ–РӮЗИ КИНОИ ТОҶИК. Аз соли 1991 то соли 2025 дар маҷмуъ 313 филм ба навор гирифта шудааст
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». 16 октябр Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг баргузор мегардад
ФИЛМҲОИ МИЛЛӢ ДАР ҶАШНВОРАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ЭЪТИРОФ ВА ҚАДРДОНӢ МЕШАВАНД. Эҳдо ба Рӯзи кинои тоҷик
Дар Минск бахшида бо Рӯзи байналмилалии бузургдошти Ҳофизи Шерозӣ ҳамоиш доир шуд
Дар даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» 581 довталаб иштирок менамояд
«ТОҶИ СОМОН». Меҳмонони синамоҷоизаи миллӣ бо имконоти сайёҳии Тоҷикистон шинос мегарданд






