ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 май, шанбе, 140-умин рӯзи соли 2023

Май 20, 2023 08:00

20 майи соли 2021 дар шаҳри Душанбе мулоқоти хоссаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев, сипас музокироти васеи ҳайатҳои расмии ду мамлакат баргузор гардид. Дар рафти мулоқот ҷанбаҳои мубрами робитаҳои байнидавлатии Тоҷикистону Қазоқистон, масъалаҳои минтақавию байналмилалӣ ва вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкорӣ бо Қазоқистон ба таври муфассал муҳокима карда шуд.

***

20 майи соли 2021 дар шаҳри Душанбе санадҳои нави ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон ба имзо расид. Пас аз анҷоми маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ Сарони давлатҳо- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев барои доираи васеи хабарнигорон нишасти матбуотӣ ороста, натиҷаҳои вохӯриро неку назаррас арзёбӣ карданд.

***

20 майи соли 2019 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван Иро ба ҳузур пазируфтанд. Дар ҷараёни мулоқот маҷмуи васеи ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Чин дар чаҳорчӯби барномаҳои шарикии стратегӣ ва дар доираи ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ баррасӣ карда шуд.

***

20 майи соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва сарони давлатҳои дигар, ки барои иштирок ба ҳамоиши кишварҳои аъзои Машварати ҳамгироӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё ба шаҳри Шанхайи Ҷумҳурии Мардумии Чин ташриф оварда буданд, дар чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ иштирок намуданд.

***

20 майи соли 2011 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва намояндаи махсуси маъмурияти Иёлоти Муттаҳидаи Америка оид ба Афғонистон ва Покистон Марк Гроссман оид ба масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон ва ИМА гуфтугӯи судманд намуданд.

20 МАЙ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи умумиҷаҳонии метрология.

***

Рӯзи байналмилалии шикастабанд (травматолог).

***

Рӯзи байналмилалии занбӯри асал.

***

20 майи соли  2017 дар шаҳри  Душанбе  веломарафон баргузор гардид.

***

20 майи соли 1927 Британияи Кабир истиқлоли Арабистони Саудиро эътироф намуд.

***

20 майи соли 1927 ҳавонаварди амрикоӣ Чарлз Линдберг худаш танҳо, дар тайёраи хурд, аз шаҳри Ню-Йорки Амрико ба самти Аврупо парвоз кард. Баъд аз 33 соати парвоз тайёраи Чарлз Линдберг ба шаҳри Париж фуруд омад. Ҳамин тавр Чарлз Линдберг нахустин ҳавонавардест, ки худаш танҳо  аз болои уқёнуси Атлантида парвоз кардааст.

Май 20, 2023 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш