ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 31 май, чоршанбе, 151-умин рӯзи соли 2023

Май 31, 2023 08:00

31 майи соли 2012 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муовини Дабири кулли СММ, Мудири иҷроияи Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ Юрий Федотовро ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот масъалаҳои ҳамгироии дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати Созмони Милали Муттаҳид дар самти мубориза бар зидди қочоқи маводи мухаддир ва дигар таҳдиду хатарҳои замони муосир баррасӣ гардид.                                                    

***

5 сол пеш, 31 майи соли 2018 Созмони Умумиҷаҳонии  Тандурустӣ (СУТ) Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро яке аз барандагони Ҷоиза барои саҳмгузорӣ дар роҳи мубориза бо тамоку эълон кард.

 

31 МАЙ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи байналмилалии бидуни сигор.

***

Рӯзи байналмилалии мубориза бо нобаробарӣ.

***

Дар Русия – Рӯзи адвокатура.

РӮЙДОДҲО:

31 майи соли 2012 палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷиҳати аз Кодекси чиноятӣ ба Кодекси  гражданӣ гузаронидани моддаҳои 135 (туҳмат) ва 136 (таҳқир)   якдилона қабул намуданд.

***

10 сол қабл, 31 майи соли 2013 дар шаҳри Душанбе маросими расмии ба табъ расидани маҷаллаи чинии «Пули қора» баргузор гардид. Ин аввалин маҷаллаи махсуси Ҷумҳурии Мардумии Чин мебошад, ки бо забони тоҷикӣ нашр мешавад. Дар маҷалла дар бораи Тоҷикистон ва Чин, инчунин ҳамкории байнидавлатии ин ду давлат маълумот дода мешавад.

***

Дар ин рўзи  соли 2022 бо ташаббуси Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Дунявият ва роҳҳои пешгирии сиёсисозии дин дар давлати миллӣ» бо иштироки коршиносон, устодони Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа, донишҷӯён ва намояндагони дигар вазорату идораҳои дахлдор конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор гардид.

***

31 майи соли 2022 дар Донишгоҳи давлатии Бохтар бахшида ба 1050-солагии нобиғаи маъруфи тоҷик Абурайҳони Берунӣ ва Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф таҳти унвони «Нақши Абурайҳони Берунӣ дар рушди илмҳои риёзиву табиӣ ва техникӣ» конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор шуд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли  2017  вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон ба Қонуни Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Дар бораи реклама» тағйироту илова ворид намуданд. Тибқи он шахсони воқеию ҳуқуқие, ки машрубот,  тамоку ва  маҳсулоти  тамоку истеҳсол мекунанд, вобаста ба реклама сарпарасти барномаҳо буда наметавонанд. Ҳадаф аз ин тағйирот ба танзим даровардани  тартиби пешниҳоди хизматрасонӣ дар бахши реклама дар бозори маҳсулот ва хизматрасонии  мамлакат мебошад. Ҳамзамон дар ҷаласаи Парлумон  ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии  маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон  илова ворид карда шуд, ки тибқи он сарпарастӣ ба бахши барномаҳои ахбор оид ба инъикоси воқеаҳои ҷорӣ  дар шабакаҳои телевизион манъ карда мешавад.

***

Соли 1911 киштии мусофирбари «Титаник» бо зиёда аз 2200 мусофир ба  роҳ баромад, ки  270 метр дарозӣ, 30 метр паҳноӣ дошта,  вазнаш 46 ҳазор тоннаро ташкил медод.

***

Соли 1879 дар Олмон аввалин маротиба дар ҷаҳон роҳи оҳани барқӣ ба истифода дода шуд.

Май 31, 2023 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 апрел, ҷумъа, 117-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 апрел, панҷшанбе, 116-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 апрел, чоршанбе, 115-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 апрел, душанбе, 113-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 апрел, якшанбе, 112-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 апрел, шанбе, 111- умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 апрел, ҷумъа, 110- умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 апрел, панҷшанбе, 109-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 апрел, чоршанбе, 108-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 апрел, сешанбе, 107-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 апрел, душанбе, 105-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 апрел, якшанбе, 105-умин рӯзи соли 2024 аст