ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 4 май, панҷшанбе, 124-умин рӯзи соли 2023

Май 4, 2023 08:00

4 майи соли 2012 Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон муовини Сарвазир – Вазири корҳои хориҷии Шоҳигарии Белгия Дидйе Рейндерс ва вазири мудофиаи ин кишвар Питер де Кримро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили вобаста ба муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории судбахши Тоҷикистон ва Белгия мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Таваҷҷуҳи асосӣ ба се ҷанбаи ҳамкорӣ – ҳамгироӣ барои барқарорсозии суботу эътидол дар Афғонистон, рушди ҳамкорӣ дар Осиёи Марказӣ ва густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Белгия равона гардид. «Мо Белгияро яке аз шарикони муҳими худ дар Иттиҳоди Аврупо медонем», — изҳор дошт Сарвари давлат  Эмомалӣ Раҳмон. Дар мулоқот доир ба рушди ҳамгироӣ дар таъмини амнияту суботи минтақавӣ ва мубориза бо хатарҳои ҷаҳони муосир, аз қабили терроризму ифротгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир гуфтугӯи судманд сурат гирифт.

***

Ҳамин рӯз, 4 майи соли 2018 дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мушорикати Созмони Милали Муттаҳид (СММ), Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) ва Иттиҳоди Аврупо Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони «Муқовимат ба терроризм ва ифротгароии хушунатомез» баргузор гардид. Дар он 400 намоянда аз 48 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон, Туркманистон, Венгрия, Швейтсария, Ҳиндустон, Арманистон, Русия, Чин, ИМА, Испания, Олмон, Чехия, Эстония, Канада, Белгия, Словакия, Шветсия, Британияи Кабир, Украина, Ҷумҳурии Корея, Ҷопон, Индонезия, Эрон, Туркия, Афғонистон, Ироқ, Покистон, Қатар, Марокаш, Урдун, Кувайт, Уммон, Алҷазоир, Сурия, Либия ва намояндагони 31 созмони байналмилалию минтақавӣ, аз ҷумла  СММ, САҲА, Иттиҳоди Аврупо, СААД, СҲШ, ИДМ, корпуси дипломатӣ ва шарикони рушд, ҷомеаи шаҳрвандӣ, марказҳои илмиву тадқиқотӣ иштирок карданд.

***

4 майи соли 1979 бори нахуст дар таърихи Британияи Кабир сиёсатмадори зан Маргарет Тэтчер ба мансаби Сарвазири Британияи Кабир нишаст.  Муваффақияти Маргарет Тэтчер он қадар бузург аст, ки се сарвазири собиқи Англия то ба мансаб нишастани Тэтчер дар якҷоягӣ чунин дастовард надоранд. Маргарет Тэтчер барои пеш бурдани сиёсати худ, ҷорӣ кардани ислоҳоти иқтисодӣ, ҳарбӣ ва сиёсӣ  ҳамеша иродатмандӣ нишон дода, ҳеҷ гоҳ аз мавқеи интихобкардааш даст намекашид. Бинобар ин, ҳам дӯстон ва ҳам мухолифонаш ба ӯ унвони «Зани оҳанин» дода буданд. Соли 1990 «Зани оҳанин» мансаби сарвазириро тарк кард.

***

4 майи соли 1904 сохтмони канали Панама, ки уқёнуси Оромро бо уқёнуси Атлантида мепайвандад, шуруъ гардид. Дар сохтмони мазкур 400 миллион доллар сарф ва 70 ҳазор коргар ҷалб шуда буд. Дарозии канали Панама 81,6 километрро ташкил дода, бори нахуст киштӣ аз ин гулӯгоҳ соли 1914 шино кардааст.

***

4 майи соли 1950 як миллиону 939 ҳазору 163 нафар асири ҳарбӣ аз собиқ Иттифоқи Шӯравӣ ба Олмон баргардонида шуд. Давоми панҷ сол баъд аз анҷом ёфтани ҷанги дуюми ҷаҳонӣ асирони ҳарбии немис дар барқарорсозии хоҷагии аз ҷанг зарардидаи собиқ Иттифоқи Советӣ саҳми худро гузоштанд.

***

4 майи соли 1924 Бозиҳои VIII тобистонаи олимпӣ дар Париж оғоз шуданд. Бозиҳои тобистонаи олимпӣ то 27 июли ҳамон сол идома ёфтанд. Париж ягона шаҳрест, ки дар он Бозиҳои тобистонаи олимпӣ ду маротиба баргузор шуда, Олимпиадаи навбатӣ низ соли 2024 бори сеюм дар пойтахти Фаронса гузаронида хоҳад шуд.

Май 4, 2023 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш