Вобаста ба таҳияи Нақшаи сармоягузории афзалиятнок барои татбиқи Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Тоҷикистон ҷаласа доир шуд

Май 6, 2023 08:56

ДУШАНБЕ, 06.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. 3 май дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамкорӣ бо Хазинаи глобалии маблағгузорӣ вобаста ба таҳия ва амалисозии Нақшаи сармоягузории афзалиятнок барои татбиқи Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ҷаласаи гурӯҳи кории байниидоравӣ баргузор шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати молияи ҷумҳурӣ хабар медиҳад.

Дар кори ҷаласа аъзои гурӯҳи корӣ, аз ҷумла намояндагони вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, адлия, рушди иқтисод ва савдо, маориф ва илм ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ иштирок намуданд.​

Масъалаҳо вобаста ба амалисозии Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 сентябри соли 2021 тасдиқ шудааст ва Нақшаи амал оид ба амалисозии Стратегияи мазкур дар ҷаласа мавриди муҳокима қарор дода шуд.

Ҳадафи нақшаи мазкур муайян намудани сармоягузории асосие мебошад, ки барои татбиқи муваффақонаи Стратегия дар давраи солҳои 2024 – 2026 зарур мебошад.

Дар фарҷом ҷонибҳо ҷиҳати баргузории вохӯриҳои навбатӣ ва ба роҳ мондани ҳамкории мутақобилан судманд изҳори омодагӣ намуданд.

АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 6, 2023 08:56

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар самти рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт баррасӣ шуд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ дар самти устувории иқлимӣ тақвият медиҳад
То соли 2030 ҳаҷми савдо байни Тоҷикистон ва Қазоқистон ба 2 миллиард доллар расонида мешавад
Тоҷикистон ба таҷрибаи бузургтарин оператори бозори неруи барқи Аврупо — Nord Pool мароқ зоҳир намуд
Дар Бохтар таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
Хизматрасонии техникии зеристгоҳҳои конвертории тарҳи «CASA-1000» дар Тоҷикистон ва Покистон соли 2028 ба анҷом мерасад