Дар Хоруғ хизматчиёни давлатӣ бо талаботи гузариш ба Ҳукумати электронӣ ва усулҳои истифодаи он шинос гардиданд
ДУШАНБЕ, 21.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Аз 19 июн то 21 июн дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон курси сайёри такмили ихтисос барои хизматчиёни давлатии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳоти шаҳру ноҳияҳои вилоят аз рӯйи барномаи «Татбиқи ҳукумати электронӣ ва тақвияти малакаҳои рақамии хизматчиёни давлатӣ» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Таъкид гардид, ки ки пешравии ҷаҳонии иттилоотӣ ва техникаву технологияҳои муосир аз давлату ҳукуматҳо талаб менамояд, ки барои мувофиқ намудани меъёрҳои коргузории давлатӣ ба стандартҳои байналмилалӣ ба низоми муосири Ҳукумати электронӣ рӯй оваранд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бо мақсади осон ва оммафаҳм гардонидани низоми коргузории расмӣ ва инчунин тезонидани раванди баррасии санадҳои расмӣ барномаи гузариш ба Ҳукумати электрониро таҳия менамояд. Аллакай дар мамлакат баъзе зерсистемаҳои Ҳукумати электронӣ, аз қабили дархостҳои электронӣ ба мақомоти давлатӣ, низоми электронии қабули арзу шикоятҳо ва пардохтҳои давлатии электронӣ амал менамоянд, ки ин қадами нахустин барои гузариш ба Ҳукумати электронӣ мебошад.
Тазаккур дода шуд, ки мақсад аз баргузории курси мазкур ин фаҳмонидани мақсаду маром ва ҳадафҳои гузариш ба Ҳукумати электронӣ барои хизматчиёни давлатӣ мебошад.
Иброз гардид, ки ҳар як хизматчии давлатиро зарур аст, то аз меъёрҳо ва низоми Ҳукумати электронӣ огаҳ бошад ва ба таври ҳамешагӣ дар такмили малакаи истифодарии технологияи рақамӣ дар хизмати давлатӣ ҳиссагузор бошад. Ин аз як ҷиҳат агар ба содагардии раванди фаъолияти коргузорӣ дар хизмати давлатӣ таъсиргузор бошад, аз ҷиҳати дигар дар баррасии саривақтии дархостҳои шаҳрвандон кумакрасон мегардад.
Лозим ба таъкид аст, ки дар ҷараёни курси сайёри такмили ихтисос барои хизматчиёни давлатии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳоти шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз рӯйи барномаи «Татбиқи ҳукумати электронӣ ва тақвияти малакаҳои рақамии хизматчиёни давлатӣ» шунавандагон бо талаботи гузариш ба Ҳукумати электронӣ ва усулҳои истифодаи он шинос гардиданд.
АКС: Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ идома дорад
Сокинони ноҳияи Мастчоҳ ҷашни Наврӯзро бо тантана истиқбол гирифтанд
23 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Ҳавошиносони Тоҷикистон барои пешгӯии боду ҳаво аз моделҳои пешрафта истифода мебаранд
Эмомалӣ Раҳмон: «Сиву панҷ сол барои таърих лаҳзаест, вале барои миллати тоҷик давраи сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад»
Дар роҳи Душанбе – Чаноқ бинобар корҳои профилактикӣ пардохти ғайринақдӣ муваққатан қатъ мешавад






