Дар калонтарини ноҳияи картошкапарварии Тоҷикистон — Деваштич дар муқоиса ба соли гузашта кишти он 1000 гектар зиёд гардид
СУҒД, 19.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади дар соли равон ба 230 ҳазор тонна расонидани ҳосили умумии картошка дар ноҳияи калонтарини картошкапарварии Тоҷикистон — Деваштич кишоварзони ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар майдони 7000 гектар кишти ин маҳсулотро гузарониданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришуда 1000 гектар зиёд мебошад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия хабар доданд.
Деваштич ноҳияи аграрӣ буда, иқлими он барои парвариши тамоми намуди зироат мувофиқ аст. Ҷиҳати парваришу истеҳсоли картошка ва тибқи дастуру ҳидоятҳои роҳбарияти мамлакат то ба 500 ҳазор тонна расонидани ҷамъоварии ба истилоҳ “нони дуюм” дар ноҳияи Деваштич имкониятҳо фаровонанд. Картошкапарварони ноҳия дар соли равон ҳосили бештарро интизоранд.
Дар минтақаҳои баландкўҳи ноҳияи Деваштич кишти картошка нисбатан дер оғоз меёбад ва имрӯзҳо кишоварзон барои иҷрои нақшаи кишт пурмаҳсул меҳнат намуда истодаанд. Картошкаи дар ин ҷо истеҳсолшаванда дар вилоят ва берун аз он серхаридор буда, саҳми деҳқонони минтақа дар таъмини бозори дохилӣ бо ин маҳсулот назаррас аст.
Тавре иттилоъ дода шуд, қисми зиёди кишт, ки аз рӯи ҳисоботи оморӣ 5482 гектарро ташкил медиҳад дар кооперативҳои истеҳсолию тиҷоратӣ ва хоҷагиҳои деҳқонии инфиродию оилавӣ гузаронида шудааст.
Кишоварзон дар раванди ба кор андохтани заминҳои партову бекорхобида, аз гардиш баромада ва лалмӣ тавассути аз ҳисоби фоидаи софи аз фурўши картошка ба дастомада, кофтану мавриди баҳрабардорӣ қарор додани чоҳҳои нави амудӣ васеъ гардонидани майдони кишти картошкаро амалӣ гардонида бошанд, аз ҷониби дигар тасмим гирифтаанд, ки боздеҳи заминҳои киштшударо баланд гардонида, истеҳсоли солонаи онро ба 230 ҳазор тонна расонанд. Бо ҳамин мақсад, имрӯзҳо майдони кишти картошка тавассути нуриҳои маъданиву органикӣ коркард гардида, бо оби полезӣ таъмин карда мешавад.
Тавре сардори Раёсати кишоварзии ноҳия Мирзо Мирзоев изҳор намуд, дар раванди васеъ гардонидани майдони кишти картошка ва баландсозии ҳосилнокии мазрааҳо дар кооперативи истеҳсолию тиҷоратии ба номи «Салом Додоев» ба истифодаи пурмаҳсули заминҳои зери ниҳолҳои боғи меваҳояш содиротӣ диққату эътибори хосса зоҳир карда мешавад.
Дар кооперативи мазкур 127 гектар замини обӣ, 824 гектар лалмии корам ва 1000 гектар чарогоҳ мавҷуд аст. Инчунин 62 гектар боғи ҳосилдеҳ мавҷуд аст, ки 10 гектараш боғи нав барқароршуда маҳсуб меёбад. Соли гузашта дар майдони 70 гектар ва соли равон пас аз кофтани чоҳи амудӣ дар 105 гектар картошка шинонида шудааст.
«Аксар майдони кишти кооперативи истеҳсолию тиҷоратии ба номи Аъзамалӣ Умаралиев дар талу теппаҳо ва ҷойи камоби Ҷамоати деҳоти Муҷун ҷойгир буда, танҳо тавассути чоҳҳои амудӣ обёрӣ мегардад. То ин муддат коргарону иҷоракорон заминҳои чарогоҳу лалмиро тавассути 4 адад чоҳи солҳои пешин кофта обёрӣ карда, ба картошкапарварӣ шуғл меварзиданд»,- иброз дошт раиси кооперативи истеҳсолию тиҷоратии ба номи Аъзамалӣ Умаралиев Насибулло Ҳабибуллоев.
Соли равон аз фоидаи софи ба даст омада, ба маблағи наздик 400 ҳазор сомонӣ боз як чоҳи амудӣ кофта, аҳли заҳмати кооперативи мазкур майдони кишти картошкаро ба 68 гектар расониданд. Аз нашъунамои киштзори картошкаҳои аз ҷиҳати экологӣ тоза аён аст, ки соли равон дар ноҳияи Деваштич нисбат ба соли сипаришуда бештар ҳосил ба даст оварда мешавад. Ин амал воридоти ба истилоҳ нони дуюмро аз хориҷи мамлакат коҳиш дода дар танзими нархи бозор ва ғанисозии сабади истеъмолӣ ҳиссагузор хоҳад гардид.
Саъдулло Махкамов,
АМИТ «Ховар»
АКС аз бойгонӣ








Сарфаи неруи барқ на танҳо ба коҳиши хароҷоти оилавӣ, балки ба самаранокии неруи барқ низ мусоидат менамояд
Тоҷикистон ва Узбекистон оид ба истифодаи долони нақлиётӣ, ки Чинро бо Аврупо мепайвандад, ба мувофиқа расиданд
СОЛИ 2026 – СОЛИ ТАЪРИХӢ БАРОИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Сарзамини куҳанбунёд, аммо тозаистиқлоли мо 35-сола мешавад
Сохтмони хати барқии баландшиддати ҳавоӣ аз зеристгоҳи «Равшан» то зеристгоҳи «Шаҳринав-2» идома дорад
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Моҳи майи соли 2026 Душанбе мизбони Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор» мегардад
МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ — ПОЯИ АДОЛАТ. Дар робита ба ташаббуси Тоҷикистон дар бораи «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ, 2027»
ТАҲКИМИ СУЛҲ ДАР МЕҲВАРИ ТАШАББУСҲО ВА ХИРАДИ АЗАЛИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Андешаҳо дар ҳошияи сарфарозгардонии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Ҷоизаи байналмилалии сулҳ ба номи Лев Толстой
Корхонаҳои саноатии ноҳияи Мастчоҳ ба маблағи беш аз 356 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд
БА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ ВА АРЗИШҲОИ МАЪНАВӢ БОЯД АРҶ ГУЗОШТ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Татбиқи барномаҳои электронии идоракунӣ ва истифодаи технологияҳои рақамӣ дар фаъолияти соҳаи об баррасӣ шуд
Байни Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ва ширкати «Jinda Anbang»-и Чин Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — РОҲНАМОИ АМАЛ. Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар Душанбе фаъолиятро тибқи ин санад ба роҳ мондаанд






