Дар ноҳияи Ванҷ сохтмони коргоҳи саноатии санги мармар идома дорад

Июнь 12, 2023 16:33

ДУШАНБЕ, 12.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. 10 июн гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддин Муминзод ба ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сафар намуда, аз рафти сохтмони корхонаву коргоҳи саноатӣ, ки бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд гардида истодаанд, дидан намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Гурӯҳи мазкур аз коргоҳи саноатии санги мармар, ки дар яке аз деҳаҳои дурдастарини мамлакат, дар деҳаи Пойи Мазори Ҷамоати деҳоти Рованди ноҳияи Ванҷ дар баландии 3400 метр ҷойгир шудааст, дидан намуд.

Иттилоъ дода шуд, ки коргоҳ аз ҷониби ширкати ватании Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Хрустал» дар ҳамкорӣ бо шаҳрвандони Ҷумҳурии Мардумии Чин бо мақсади истеҳсоли маҳсулоти ороишӣ фаъолият намуда истодааст.

Кони «Пойи Мазор» яке аз захираҳои бузургтарини санги мармар дар мамлакат маҳсуб ёфта, мармари он нарму мулоим буда, истифодааш дар корҳои сохтмонӣ мувофиқи мақсад арзёбӣ мегардад.

Ҳамзамон гурӯҳи корӣ аз коргоҳи равғани ангат, корхонаи чӯбу тахта ва истеҳсоли армуғонҳои сайёҳӣ дар Ҷамоати деҳоти Рованди ноҳияи Ванҷ, ки аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Муфарраҳ Муҳаббатов бунёд гардида истодааст, дидан намуд.

Сафари ин гурўҳи корӣ бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35- солагии Истиқлоли давлатӣ анҷом ёфта, то 17 июн идома меёбад.

Тибқи нақша, дар вақти сафар гурӯҳи корӣ ҳамзамон аз рафти корҳо дар иншооти бунёдшаванда бахшида ба ин ҷашни бузурги миллӣ, корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ, заминҳои кишти картошка, сабзавот ва зироати дигар, боғдорӣ, инчунин таъминоти техникаи кишоварзӣ, ҷамъоварии ҳосил, анбору сардхонаҳои нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ, вазъи муассисаҳои соҳаи маориф ва баррасии масъалаҳои таъминот бо кадрҳои омӯзгорӣ, ашёву лавозимои хониш ва либоси мактабӣ, муассисаҳои соҳаи тандурустӣ дар самти таъминот бо катҳо, доруворӣ, таҷҳизот, табибон ва хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ва қисмҳои ҳарбии ноҳия аз наздик шинос мешавад.

Бояд гуфт, ки тибқи нақша аз ҷониби гурӯҳи корӣ суҳбату вохӯриҳо бо сокинон ва соҳибкорони ноҳия ҷиҳати сафарбар намудани онҳо ба корҳои ободонӣ, таъмиру таҷдид ва тозаву озода нигоҳ доштани ҳар як манзили истиқоматӣ, кӯча, маҳалла, деҳа ва шаҳраку деҳот, истифодаи самараноку оқилонаи заминҳо, махсусан заминҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои ёрирасон, анҷом додани кишти такрорӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо ва дар ҳар як оилаи захира намудани маводи ғизоӣ барои на камтар аз ду сол, ба таври муташакилона дастрас намудани ккмакҳои моддиву молиявӣ дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ ва Иди Қурбон ба оилаҳои камбизоату эҳтиёҷманд, шахсони дорои имконияти маҳдуд ва ятимон анҷом дода мешавад.

АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 12, 2023 16:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо бунёди иншооти муосир симои шаҳри Ваҳдат ба куллӣ дигаргун гардидааст
Дар болои Сирдарё пули нави иловагии мошингард сохта мешавад
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
Сокинони деҳаи Сангпари шаҳри Кӯлоб бо оби нӯшокии босифат таъмин гаштанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд
Қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон ба Душанбе омад
САЁҲАТРО АЗ ВАТАН ОҒОЗ МЕНАМОЕМ! Ёдгориҳои таърихию фарҳангии Хуттали Қадим аз ҷиҳати аҳамияти таърихӣ ҳамто надоранд
Фестивали байналмилалии «Наврӯз — мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистонро муаррифӣ намуд