Дар шаҳри Турсунзода фарзандони шуҷои Ватан бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шуданд

Июнь 13, 2023 11:30

ДУШАНБЕ, 13.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Турсунзода бо фарзандони шуҷои Ватан, ки ҳангоми ҳифзи сарҳади давлатӣ ҳалок ва захмӣ гардидаанд бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода хабар доданд.

Бо ин мақсад дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода бо иштироки роҳбарияти шаҳр, Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони касбу кори гуногун ҷамъомад баргузор гардид.

Дар ҷамъомад аз хизматҳои қаҳрамононаи сарбози дар муноқишаҳои сарҳадӣ ҳалокшуда, сокини деҳаи Байналмилали Ҷамоати деҳоти Регари шаҳри Турсунзода Ҳамидулло Шодмонов ва сарбози дар муноқишаҳои мазкур захмишуда, сокини Ҷамоати деҳоти Навобод, деҳаи Шодмон-2 Санҷар Эшниёзов ёдовар шуда, дар фазои тантанавӣ ба волидони Ҳамидулло Шодмонов ва сарбоз Санҷар Эшниёзов мукофотҳо супорида шуданд.

Дар бораи қаҳрамониҳою ҷасорати фарзандони шуҷои Ватан, саҳми арзандаи онҳо дар ҳифзи марзу бум ва ҷоннисориҳо дар роҳи садоқат ба Ватан сухан гуфта, ҳозирин хизмат ба Ватан — Модарро қарзи шаҳрвандии ҳар як ҷавонмарди боору баномус унвон намуданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода

Июнь 13, 2023 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми Осиё ва Уқёнуси Ором дар Филиппин иштирок намуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид
ҲАР АМАЛИ НОДУРУСТ ҶАВОБГАРӢ ДАР ПАЙ ДОРАД! Дар Душанбе паҳнкунандагони доруи психотропии «Прегабалин» дастгир шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Вена дар конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо қаллобӣ иштирок дорад
Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ гардид
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи Комиссияи СММ оид ба воситаҳои нашъадор иштирок дорад