Дар водии Яғноби ноҳияи Айнӣ ду пули мошингузар сохта мешавад

Июнь 22, 2023 13:25

ДУШАНБЕ, 22.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 21 июн дар ҳудуди водии Яғноби Ҷамоати деҳоти Анзоби ноҳияи Айнӣ ба сохтмони ду пули мошингузар санги асос гузошта шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия хабар медиҳад.

Иттилоъ дода шуд, ки ин ду пул то 9 сентябри соли 2023 дар арафаи Ҷашни Истиқлоли давлатӣ мавриди истифода қарор дода мешаванд. Дарозии пулҳои мошингузар мувофиқи нақша 25 ба 4 ва 8 ба 4 метри мураббаъро дар бар мегирад.

Зимни гузоштани санги асос таъкид гардид, ки бунёди пулҳои мазкур барои рушди хоҷагии қишлоқ нақши муҳим дошта, ба зиндагии шоистаи мардуми дараи Яғноб мусоидат менамояд ва дастрасии аҳолӣ дар чор фасли сол имконпазир хоҳад гашт.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ

Июнь 22, 2023 13:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хоруғ беш аз 5 ҳазор гул шинонида шуд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Мастчоҳ якчанд иншооти иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар деҳаи Оламафрӯзи Ҷамоати Лолазори ноҳияи Данғара пули мошингузар ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Сокинони деҳаи ба номи Ортиқ Ҷумаеви шаҳри Турсунзода бо оби нӯшокӣ таъмин шуданд
Дар доираи сафари кории Президенти Тоҷикистон дар Исфара иншооти соҳаи тандурустӣ ба истифода дода шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мастчоҳ 735 иншоот бунёду навсозӣ гардидааст