ДАВҲА — БАРОДАРШАҲРИ ДУШАНБЕ. Дар ин хусус Ёддошти тафоҳум ба имзо расид

Июнь 9, 2023 11:33

ДУШАНБЕ, 09.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. 8 июн дар доираи сафари давлатии Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва шаҳрдории Давҳа Ёддошти тафоҳум оид ба барқарор намудани муносибатҳои бародаршаҳрӣ ба имзо расид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Ёддошти тафоҳуми мазкур пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ дар ҳузури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Амири Давлати Қатар  Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ имзо гардид.

Ёддошти тафоҳумро аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба имзо расониданд.


Пас аз имзои Ёддошти тафоҳум бо шаҳрдории Давҳа шумораи бародаршаҳрҳои Душанбе ба 22 расид.

То имрӯз пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе бо 21 шаҳри давлатҳои Осиё, Аврупо, Амрико ва Африқо дар асоси созишнома ва дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ робитаҳои бародаршаҳрӣ дошт.

Шаҳрҳои Санъои Ҷумҳурии Яман, Лусакаи Ҷумҳурии Замбия, Монастири Ҷумҳурии Тунис, Лаҳор ва Исломободи Ҷумҳурии Исломии Покистон, Клагенфурти Ҷумҳурии Австрия, Боулдери Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Ройтлингени Ҷумҳурии Федеративии Олмон, Мазори Шарифи  Афғонистон, Теҳрон ва Шерози Ҷумҳурии Исломии Эрон, Санкт-Петербурги Федератсияи Русия, Мински Ҷумҳурии Беларус, Урумчӣ, Сямэн, Чиндао ва Хайнани Ҷумҳурии Мардумии Чин, Анқараи Ҷумҳурии Туркия, Ашқободи Туркманистон, Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон ва Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон аз ҷумлаи бародаршаҳрҳои Душанбе мебошанд.

Ёдовар мешавем, ки дар маҷмуъ, аз рӯйи натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар дар ҳузури Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ 15 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Июнь 9, 2023 11:33

Хабарҳои дигари ин бахш

«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд