КӮДАКОН-ОЯНДАИ МИЛЛАТ. Ва ё барои ҳар давлат насли солим зарур аст
НОРАК, 01.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола 1 июн дар саросари олам Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон қайд карда мешавад. Соли 1989 Созмони Милали Муттаҳид ҳуҷҷати аз ҳама муҳими байналмилалӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак – Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кӯдакро қабул намуд.
Тавре муовини Раиси шаҳри Норак Зуҳро Ҳакимзода ба мухбири АМИТ «Ховар» изҳор дошт, дар сиёсати Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи насли наврас — қувваи бузурги мамлакат мақоми хосса дорад. Зеро ояндаи давлату миллат аз онҳо вобаста аст.
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 декабри соли 2017 баён доштанд, «барои давлат миллати солим, мардуми солим зарур аст. Кӯдакон ояндаи ҷомеа мебошанд, таъмини ҳуқуқҳои онҳо, ҳифзи саломатӣ, рушди солимию ҷисмонӣ ва равонии онҳо вазифаи аввалиндараҷаи ҳар давлату ҷомеа ба ҳисоб меравад. Дар баробари дигар ҳуқуқҳои дар қонун нисбат ба кӯдакон муқарраршуда яке аз он ҳуқуқи кӯдак ба ҳифзи саломатӣ мебошад».
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ин конвенсия мавриди амал қарор дорад ва корҳои зиёде дар ин самт амалӣ мегарданд.
Бояд гуфт, ки дар тамоми дунё ба масъалаи тарзи ҳаёти кӯдак, ба таври зарурӣ аз ҷиҳати молиявӣ таъмин будани ӯ, фаро гирифта шудани кӯдакон ба таҳсил ва ғамхорӣ дар ҳаққи онҳо чун пояи асосии ояндасози миллат аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад.
Тибқи Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак, ҳар шахси аз 18-сола хурд кӯдак ба ҳисоб меравад. Бештар аз 30 дар сади аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро кӯдакон ташкил медиҳанд ва онҳо барои мамлакат захираи хеле муҳим ба ҳисоб мераванд. Бинобар ин давлат ҷиҳати муҳайё намудани шароити беҳтарин барои кӯдакон саъю талоши зиёде ба харҷ медиҳад, то ин амал сабаби шодӣ ва хушбахтии кӯдакону насли наврас гардад.
Шодии насли навраси имрӯзаро дида, ба хулосае меоем, ки ҳамаи ин натиҷаи тантанаи сиёсати оқилонаи Президенти Тоҷикистон дар тарбияи насли наврас мебошад. Ин аст рисолати падарона ба насли наврас, ғамхорӣ кардану меҳру саховати худро аз онҳо дареғ надоштан. Барои ҳамин ҳам насли наврас Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дӯст медоранд ва бо ғуруру ифтихор “падар ва ё бобои мо” мегӯянд.
Дар Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ба тифлону наврасони хушбахти Тоҷикистон осмони софу беғубор, хушбахтӣ ва саломатӣ хоҳонем.
Ҳамзамон аз падару модарон хоҳиш карда мешавад, ки барои тарбия намудани ин ганҷинаи бебаҳо муносибати ҷиддӣ намуда, баҳри онҳо шароити пурраи таҳсилу фароғатро таъмин намоянд.
Мо ҳамеша ба худ мегӯем,ки «ҳама чизи беҳтарини мо барои бачаҳоямон мебошад». Бале, кӯдакони мо меваҳои ширинтарини бӯстони умри ҳар яки мо мебошанд. Ин меваҳои лазиз бояд бенуқсон ба воя расанд ва дар оянда коми волидайни худро бо хулқи накӯву рафтори шоиста ва хизмати фидокорона ба манфиати давлатамон шодоб гардонанд.
Тибқи таҳлилҳои илмӣ, 80 фисади донишу маълумотро кӯдакон то 5-солагӣ ба даст меоранд. Мо ба саволҳои аҷибу кунҷковонаи кӯдакони худ ҳамеша бояд ҷавоб гӯем, дар боло бурдани маърифати дунёшиносии онҳо вақти худро дареғ надорем, саҳлангорӣ накунем.
Ба камол расонидани насли бомаърифату бунёдгари оянда самараи заҳматҳои доимии волидон ва омӯзгорони муҳтарам мебошад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар моҳи июл Тоҷикистонро чӣ гуна ҳаво интизор аст?
Дар Душанбе нахустин маротиба Рӯзи кормандони соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил гардид
ҒИЗОИ СОЛИМ. Омили афзоиши бемории диабети қанд истеъмоли ғизои аз ҳад зиёд ва номутаносиб мебошад
1 ИЮЛ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ СУҒУРТАИ ИҶТИМОӢ ВА НАФАҚА. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ андозаи нафақаҳо зиёда аз 20 маротиба зиёд карда шуд
Дар Душанбе дар мавзуи «Сиёсисозии ислом ва хатари он ба амнияти сиёсӣ ва суботи ҷомеа» ҳамоиши илмӣ доир мегардад
Маросими видоъ бо раиси марҳуми Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 1 то 3 июл дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани селҳои хусусияти маҳаллидошта пешгӯӣ мешавад
Оид ба амалишавии Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Як гурӯҳ модарон бо шароити хизмати ҳарбии сарбозони яке аз қисми низомӣ дар ноҳияи Данғара шинос шуданд
Пагоҳ Форуми ҷумҳуриявии «Маърифати ҳуқуқӣ — омили рушди давлати ҳуқуқбунёд» доир мешавад
Дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бахшида ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа оид ба саҳми Пешвои миллат дар пойдории сулҳ ва ваҳдати миллӣ филми ҳуҷҷатӣ намоиш дода шуд






