«КӮЗАИ ВАҲДАТ». Мехоҳед онро бубинед? Пас барои тамошои он ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон биёед!
ДУШАНБЕ, 13.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Моҳи июли соли 1999 дар Тоҷикистон бо ташаббуси Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Корвони сулҳу ваҳдат дар Шоҳроҳи ваҳдат» ташкил шуд, ки ба ҳайати он 240 нафар фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ шомил гардида буданд. Корвони мазкур аз Қулма ва Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шуруъ карда, то шаҳри Исфараи вилояти Суғд сафар намуданд ва бо мардум суҳбату вохўриҳо доир карда, ғояҳои дӯстию хештаншиносиро талқин намуданд. Ҳангоми сафар аҳли корвон аз ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистон як кафӣ хок ҷамъ намуданд ва аз он ҳунармандони шаҳри Исфара кӯзаи мунаққаше сохтанд. Кӯза ба таври рамзӣ «Кӯзаи Ваҳдат» номгузорӣ шуд.
Тавре дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, «Корвони сулҳу ваҳдат дар Шоҳроҳи ваҳдат» «Кӯзаи Ваҳдат» -ро дар ҳузури иштирокдорони Анҷумани чоруми тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақдим намуд.
Сарвари давлат бо самимият «Кӯзаи Ваҳдат»-ро қабул намуда, онро бӯсиданд. Ашки шодӣ беихтиёр дар чашмонашон ҳалқа зад ва изҳор намуданд, ки: «Ин кӯза аз хок нест, аз зар аст! Зеро, ки тамоми хоки Тоҷикистон зар аст!»
Ҳоло ин нигораи нодири таърихӣ дар Осорхонаи миллӣ дар қатори дигар кӯзаю армуғонҳо бо рамзи «Эҳёи Ваҳдат» ба намоиш гузошта шудааст.
Ёдовар мешавем, ки дар экспозитсияи гӯшаи «Ваҳдати миллӣ» дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон нигораҳо ва аксҳои гуногун пешниҳод шудаанд, ки онҳо инъикоскунандаи давраҳои расидан ба сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон мебошанд.
АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон








Рӯзҳои кинои Тоҷикистон дар Узбекистон доир мешавад
Хабарнигорони Қирғизистон дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху фарҳанги Тоҷикистон шинос гардиданд
НАВРӮЗИ ХАТЛОН. Фасли баҳор дар ин минтақаи Тоҷикистон пештар оғоз меёбад
Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Узбекистон баргузор мегарданд
САЁҲАТРО АЗ ВАТАН ОҒОЗ МЕНАМОЕМ! Ёдгориҳои таърихию фарҳангии Хуттали Қадим аз ҷиҳати аҳамияти таърихӣ ҳамто надоранд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо мақсади шиносоӣ бо дастовардҳои даврони истиқлол ва иштирок дар тантанаҳои наврӯзӣ ба Тоҷикистон ташриф овард
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳифзи Наврӯз – ҳифзи ҳувият ва худшиносии миллати куҳанбунёду тамаддунсози тоҷик мебошад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳамчун ворисони аслии тамаддуни ориёӣ суннатҳои наврӯзиро минбаъд низ пос дорем»
КУЛОЛГАРӢ — РАМЗИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ. Анъанаи истифодаи зарфҳои кулолӣ дар Наврӯз то имрӯз боқӣ мондааст
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯз моро ба некиву накукорӣ даъват мекунад»
ГУЛҲОИ ВАТАН ДАР ЧАКАНИ МАН. Ин мероси пурарзиши ниёгон фарҳанг ва таърихи куҳани тоҷиконро инъикос менамояд
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯз ба ягон дину мазҳаб пойбанд нест»






