Қонун дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Тоҷикистон таҳаввулоти ҷиддӣ ва инқилоби маънавию фарҳангиро ба вуҷуд овард

Июнь 6, 2023 18:38

ДУШАНБЕ, 06.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» сатҳи камбизоатӣ дар мамлакат зина ба зина коҳиш ёфта, расму ойинҳои динӣ ба танзим дароварда шуд. Қонун ҳамчун яке аз иқдомоти муҳимтарин дар самти ҳифзи анъанаҳои мардумӣ боиси ҳалли бисёр мушкилоти ҳаётан муҳимми аҳли ҷомеа гардида, ҷашну маъракаҳо ва расму ойинҳо дар мамлакат ба низом дароварда шуд. Чунин изҳори назар намудааст раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Абдураҳим Шоҳиён.

Дар зер шакли пурраи мақолаи муаллифро пешниҳоди хонандагон мегардонем:

— Дилхоҳ Қонун бо мавриди амал қарор гирифтан муносибатҳои ҷамъиятиро дар ин ё он самт танзим намуда, албатта ба манфиати мардум равона мегардад. 8 июни соли 2007 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо ташаббуси Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳия гардида, ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии шаҳрвандон ва аз байн бурдани хурофоту зиёдаравӣ ва зоҳирпарастӣ дар ҷомеа нигаронида шудааст, қабул гардид. Имсол аз қабули ин Қонун дар Тоҷикистон 16 сол пур мешавад.

Қабл аз он, ки дар бораи моҳияти қонуни мазкур ибрози назар намоем, мехостам вобаста ба шароиту имконоти иҷрои расму ойин ва рукнҳои динӣ дар замони пеш аз соҳибистиқлолӣ, заминаҳои ташаккул ва зарурати амалӣ намудани ин қонуни якчанд фикру мулоҳизаҳои худро баён намоям. Чунки ин қонун дар баробари дигар муносибатҳо расму ойинҳоеро, ки бештар ба эътиқоди динӣ иртибот доранд, танзим менамояд.

Хурофоту зиёдаравии динӣ дар замири мардум аслан пеш аз даврони Шуравӣ ҷой гирифта буд. Дар он даврон, ки як идеологияи пўшида ва зиддидиниро (атеистӣ) дар бар дошт, ҷиҳати иҷрои расму ойини динӣ ва рукнҳои дини мубини Ислом монеаҳо мавҷуд буд. Дар ин замина, бо дастрас набудани адабиёт фарҳанги динии мардум ташаккул наёфта, хурофоту зиёдаравӣ ва хусусан харҷи мардум вобаста ба маросими дафну азодорӣ хеле зиёд гардида буд. Мусоидати давлат ҷиҳати зиёрати Каъба мавҷуд набуда, дар ҷумҳурӣ шумораи ҳоҷиён ангуштшумор буданд. Дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон танҳо як масҷид ва дар баъзеяшон умуман ягон масҷид (ҳоло шумораи масҷид дар ҷумҳурӣ зиёда аз 4000 адад) фаъолият намекард.

Баъди дигаргуниҳои ҷамъиятӣ дар ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта ва соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода аз эътиқод ва фарҳанги пасти динии мардум барои қувваҳои дохилию берунӣ омили муҳим ҷиҳати мубтало намудани давлати мо ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гардид.

Рушди иқтисодӣ, ки дар давраи гузариш бо канда шудани занҷираи кулли муносибатҳои замони Шуравӣ дар ҳолати ногувор қарор дошт, ҷанги шаҳрвандӣ ин ҳолат боз ҳам вазнинтар намуд. Дар баробари хисороти ҷонӣ (зиёда аз 150 ҳазор) иқтисодиёти мамлакат зиёда аз даҳҳо миллиард доллари амрикоӣ зарар дида, рушди иқтисоди миллӣ якчанд даҳсола қафо монда, сатҳи иҷтимоиёти мардум хеле паст гардид. Сатҳи камбизоатӣ дар мамлкат ба зиёда аз 80 фоиз расид. Ба миён омадани номувозинатӣ дар бозори меҳнат ва дар ин замина нарасидани ҷойҳои корӣ муҳоҷирати меҳнатиро низ маъмул гардонид. Яъне заминаҳои пайдоиши мушкилоти соҳаҳои иҷтимоӣ, сатҳи зиёди камбизоатӣ ва муҳоҷирати меҳнатии солҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар мамлакати мо сабабҳои объективӣ доранд.

Дар баробари вазъи номусоиди иқтисодию иҷтимоии мардум дар ин давра расму ойини динӣ (хусусан расму ойинҳо вобаста ба дафну азодорӣ) ҷиҳати коҳиши камбизоатӣ ва беҳтар гардидани сатҳи иҷтимоиёти мардум монеа эҷод менамуд. Хусусан маъракаҳои оши сари тахта, себегоҳина, ҳафт, чил, шашмоҳагӣ, сари сол, дастурхонҷамъкунӣ ва муддати як сол ҷуъмагӣ кардан, ки ҳамчун расму оини динӣ аз гузаштагон мерос монда буд, барои шаҳрвандон бори гарон буд. Ҳатто маблағҳои зиёди аз муҳоҷират ба дастоварда дар ин маъракаҳо намоишкорона харҷ гардида, барои оилаҳои камбизоат қарздориро ба миён меовард. Инчунин, бо баргузор намудани тӯй ва маъракаҳои серхарҷ, ки хусусияти зоҳирпарастӣ ва шуҳратхоҳӣ доштанд ба амнияти ҷомеа, тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳифзи суботи ҷомеа халал ворид менамуд. Дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ маъракаҳои сохтаю бофтаи ба фарҳангу мазҳаби мардуми мо бегона сатҳи зиндагии табақаи камбизоати ҷомеаро вазнинтар гардониданд. Чунин вазъ зарурати эҷоди ин қонунро аз ҷониби Роҳбари давлат ба миён овард.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни вохӯрӣ ба муносибати 10-солагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъкид доштанд, ки «Расму ойинҳои динӣ ҷузъи ҷудоинашвандаи фарҳанги миллии мардуми мо мансуб меёбад ва мақсади асосиамон дар баробари муайян намудани меъёрҳои баргузории онҳо, инчунин раҳоии мардуми ҷумҳурӣ аз банди худнамоӣ ва таассубу хурофотпарастӣ мебошад».

Дар даврони соҳибистиқлолӣ Президенти мамлакат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои баланд бардоштани фарҳанги динии шаҳрвандони мамлакат хизматҳои шоён намуда, барои иҷрои рукнҳои дини мубини Ислом ба мардум имконоти зиёдеро муҳайё намуданд ва бо ин саҳмгузориҳо дар арсаи байнадмидлалӣ низ мақоми хоссаеро (аз соли 2018 инҷониб ба рӯйхати 500 мусалмони бонуфузи дунё (The Muslim500 ворид гардиданд) соҳиб шуданд. Аввалан дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ бо супориши Пешвои миллат китоби Қуръон бо забони тоҷикӣ тарҷума гардида, ройгон ба мардум тақсим карда шуд, то ки фарҳанги динии мардум ташаккул ёфта, аз муҳтавои дини мубини Ислом бархурдор гардида, Исломи ҳақиқиро аз Исломи сиёсӣ фарқ намоянд.

Дар Тоҷикистон «соли 2009 — соли бузургдошти Имоми Аъзам» эълон гардида, дар шаҳри Душанбе Симпозиуми байналмилалии Имоми Аъзам баргузор карда шуд. Бо баргузории Симпозиуми байналмилалии Имоми Аъзам мазҳаби ҳанафӣ бо қонуниятҳояш ва дарбаргирии наҷибтарин хислатҳои инсонӣ муаррифӣ гардид.

Ҳарсола ҳазорон нафар шаҳрвандони мамлакат бо мусоидати давлат маросими ҳаҷро иҷро менамоянд. Шумораи масҷидҳо дар ҷумҳурӣ аз 4000 зиёд гардида, дар шаҳри Душанбе масҷиди калонтарин дар минтақаи Осиёи Миёна (бо фарогирии зиёда аз 130 ҳазор ҷойи намозгузор) сохта шуда аст, ки соли ҷорӣ ба таври расмӣ мавриди истифода қарор мегирад. Дар канори ин масҷид, барои толибилмоне, ки мехоҳанд дониши динӣ омӯхта, барои беҳтар гардидани ахлоқи ҷомеа хизмат намоянд, соли 2018 аз ҷониби Пешвои миллат санги асос барои сохтмони бинои нави Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам Абӯҳанифа иборат аз 5 қисми (блок) ҳафтошёна гузошта шуда, сохтмони он бо маром идома дорад.

Ташаббусу иқдомоти Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистиқлолӣ барои тақвияти фарҳанги динии шаҳрвандон, беолоиш ҳифзу нигоҳдории мазҳаби ҳанафӣ, ба танзим даровардани меъёрҳои баргузории расму ойинҳои динӣ хизмат намуда, ҷиҳати пешгирӣ аз навовариҳо дар дину мазҳаб ва ихтилофандозӣ бо истифода аз эътиқоди динии мардум мусоидат менамояд.

Қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва дигар самтҳои ҳаёти ҷомеа метавон ҳамчун таҳаввулоти ҷиддӣ ва инқилоби маънавию фарҳангӣ маънидод намуд.

АКС аз бойгонии муаллиф/манбаъҳои боз

Июнь 6, 2023 18:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Маърифати ҳуқуқӣ ва экологӣ — омили ободкориву созандагӣ. Эҳдо ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
11 АПРЕЛ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БО ПАРКИНСОН. Ин беморӣ чӣ тавр муолиҷа мешавад?
ЗАНГӮЛАИ ҲУШДОР ВА Ё ҲИДОЯТҲОИ НАВИНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
КАСБОМӮЗИИ ҶАВОНОН — ТАҚОЗОИ ЗАМОН. Андешаҳо дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир намуданд
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан ба ятимон туҳфаҳо тақдим намуданд
10 АПРЕЛ-РӮЗИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Ба ташкили ин сохтори низомӣ 33 сол пур шуд
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем»