«ПОРААБРИ САФЕДИ ЧИНГИЗХОН». Пагоҳ ин намоишнома дар Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ба саҳна гузошта мешавад
ДУШАНБЕ, 14.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 15 июн, соати 17:00 дар Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ намоишномаи «Пораабри сафеди Чингизхон» аз рӯи асари нависандаи маъруф Чингиз Айтматов дар таҳияи Суҳроб Усмонов пешниҳоди тамошобинон мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар дар Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ иттилоъ доданд.
Тавре қаблан хабар додем намоишномаи мазкур 4 майи соли равон зимни ҷамъбасти Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту-2023» дар номинаи намоиши беҳтарин сазовори ҷои аввал гардида буд. Пас метавон гуфт, ки тамошобин бо иштирок дар ин намоишнома метавонад ба худ донишҳои нав, таассуроти хуб ва имкони лаҳзае ворид шудан ба дунёи рангоранги нависандаи забардаст Чингиз Айтматовро дошта бошад.
Бояд тазаккур дод, ки театр рукни муҳими ҳаёт ва фарҳанг буда, ҳаводорони зиёд дорад. Ба намоиш гузоштани осори гуногунмуҳтаво, масъалаҳои мубрами рӯзгори инсонӣ, ҳалли мушкилоти доғу рӯзмарра дар саҳна рисолати ҳунари театрӣ буда, имрӯз низ чунин бори масъулияти муҳимро бар дӯш дорад. Тавре мутафаккири рус В. Г. Белинский гуфтааст: «Театр воситаи беҳтарини ҳалли мушкилоти рӯзгори момебошад».
Имрӯзҳо, ки мавсими таътили тобистона фаро расидааст ин имкони хубест барои волидон ҷиҳати бо фарзандони худ рафтан ба театрҳои ҷумҳурӣ ва тамошои намоишномаҳои пурмуҳтаво, ки ба онҳо ғизои маънавӣ мебахшад. Волидон метавонанд бо ин амалашон барои фарзандон намунаи ибрат дар тарбияи эҳсоси фарҳангпарварӣ ва рушди маънавӣ гарданд.
Тавре аз Вазорати фарҳанг хабар доданд, дар ин давра дӯстдорони театр ва ҳунари воло имкон доранд, аз намоишномаҳои театрҳои мамлакат дидан намоянд. Аз ҷумла, Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ баҳри болидахотирӣ ва дӯстдорони санъати воло 15 июн, соати 11:00 намоишномаи «Алеко», 16 июн, соати 18:00 Консерти солои Ҷаннат Ҳусейнзода- «Гулдастаи мусиқӣ», 17 июн, соати 17:00 «Садоҳои сеҳрноки торҳои арфа ва овози сопрано», 18 июн, соати 17:00, намошномаи «Кармен сюита» ва «Павана мавра», 24 июн, соати 17:00 «Консерт бахшида ба С. Рахманинов»-ро пешниҳод менамоянд.
Ҳамзамон Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ 20 июн сафари сайёр ба кўдакистонҳоро бо намоишномаи «Моҳии тиллоӣ» ташкил мекунад, ки барои шодиву фароғати кӯдакон манфиатовар хоҳад буд. Инчунин, театри мазкур 23 июн, соати 17:00 намоиши «Паёмак» (СМС) аз рӯи асари Денис Смирнов дар тарҷумаи Ҷумма Қуддусро ба намоиш мегузорад.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲАДЯИ КИТОБ. Фаъолияти хуби китобхонаҳо воситаи муҳими китобхон шудани ҷомеа мегардад
ИҚДОМИ «ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Ба либоси миллӣ – мероси аҷдодонамон арҷ мегузорем
Дар Хуҷанд масъалаи эҳё ва рушди ҳунарҳои бадеии халқӣ баррасӣ гардид
«ДИРӮЗ, ИМРӮЗ ВА ФАРДОИ ФАРҲАНГИ ТОҶИК». Таҳти чунин унвон дар Душанбе конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Роҳнамои беҳтарин» баргузор мешавад
Дар Давҳа намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва барномаи консертии Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид
Дар Давлати Қатар Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон идома доранд
Таҳти унвони «Робиаи Балхӣ — нахустбонуи соҳибдевони адабиёти тоҷику форс» конференсияи байналмилалӣ баргузор мешавад
Фаъолияти инноватсионӣ-методии китобхонаҳоро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ гуна муқаррар намудааст?
«ҶАВОНОН — ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМ». Таҳти ин унвон дар Осорхонаи миллӣ намоиши асарҳои рассомони ҷавон оғоз шуд
ПАЁМЕ, КИ НАВИДИ ПИРӮЗИҲОСТ. Иҷрои дастурҳои он роҳнамои миллати тоҷик барои фатҳи қуллаҳои нави армонҳои миллӣ аст
Донишҷӯёни Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон дар озмуни «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» соҳиби се Шоҳҷоиза шуданд






