Таҷрибаи Ваҳдати миллии тоҷикон аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид эътироф гардидааст

Июнь 26, 2023 13:58

ДУШАНБЕ, 26.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. «Боиси ифтихор аст, ки таҷрибаи Ваҳдати миллии тоҷикон аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид эътироф гардида, барои ҳалли мушкилоти дохилии дигар давлатҳо аз ҷониби созмонҳои гуногуни байналмилалӣ таҳти омӯзиш қарор дорад». Чунин гуфта шуд дар ҳамоише, ки бахшида ба 26-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Корхонаи воҳиди давлатии  «Тоҷикаэронавигатсия» доир шуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Тоҷикаэронавигатсия» иттилоъ медиҳад, иштирокдорони  ҳамоиш доир ба Ваҳдати миллӣ, сарчашмаи сулҳу оромиш ва роҳ ба сӯи фардои дурахшон, оид ба таърих ва саҳми Ваҳдати миллӣ дар рушди соҳаи авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, рушди соҳаи авиатсия пас аз ба даст овардани сулҳу ваҳдати тоҷикон сухан гуфтанд.

Таъкид гардид, ки маҳз бо хиради азалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон миллати тоҷик аз парокандагӣ наҷот  ёфт, давлат аз нестшавӣ ва халқ аз ҷанги шаҳрвандӣ раҳо гардид, дар рушди соҳаҳои  сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва таърихиву фарҳангии давлати мустақили Тоҷикистон заминаи боэътимод гузошта шуд. Дар замони муосир истиқлол ва ваҳдат волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлат ба шумор рафта, пос доштани ин неъмати беназир, эҳтирому арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ ва мероси бойи сиёсиву маънавии роҳи давлатсозӣ вазифаи муқаддаси ҳар як фарди ҷомеа маҳсуб меёбад.

Иштирокдорон иброз намуданд, ки маҳз сулҳу субот ва ваҳдату ягонагӣ буд,  ки дар даврони Истиқлоли давлатӣ соҳаи авиатсия рушд ёфт ва ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Дар ин раванд бо иштироки Сарвари давлат ба истифода додани аэровокзал, терминали нав, терминали боркашонӣ, толори замонавии қабулу гусели меҳмонон ва манораи назоратии танзимӣ бо таҷҳизоти муосир, алалхусус таҷҳизоти аэронавигатсионӣ, далели гуфтаҳои боло мебошад.

АКС: Корхонаи воҳиди давлатии  «Тоҷикаэронавигатсия»

Июнь 26, 2023 13:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд