ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 4 июн, якшанбе, 155-умин рӯзи соли 2023

Июнь 4, 2023 08:00

4 июни соли 2012 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади идомаи сафари давлатӣ ва иштирок дар ҳамоиши навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай аз шаҳри Сямэн ба пойтахти Ҷумҳурии Мардумии Чин — шаҳри Пекин ташриф оварданд.

***

8 сол пеш, 4 июни соли 2015 дар шаҳри Душанбе Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъиро, ки барои иштирок дар ҳамоиши навбатӣ  ба Тоҷикистон ташриф оварда буданд, ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот масоили ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбию техникии кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ баррасӣ шуд.

4 ИЮН ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Дар Молдова — Рӯзи кормандони соҳаи бонк.

***

 Дар Эстония – Рӯзи парчам.

***

Дар Қазоқистон — Рӯзи рамзҳои давлатӣ.

РӮЙДОДҲО:

Дар ин рӯзи соли 2016 дар шаҳри Ваҳдат корхонаи коркарди маъдан «Покрӯд» ба фаъолият шуруъ кард.

***

4 июни соли 2022 Дабири кулли Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) хонум Ҳелга Мария Шмид бо сафари корӣ ба Тоҷикистон омад. Ҳелга Мария  Шмид дар Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки 6-9 июн  дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, иштирок кард.

***

Дар ин рӯзи соли 2018 дар Душанбе байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Финляндия машваратҳои сиёсӣ баргузор гардид.

***

4 июни соли 1940 дар шаҳри Москва варзишгоҳи «Динамо» мавриди истифода қарор дода шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 1970 Тонга истиқлол ба даст овард.

***

4 июни соли 1975 аввалин маротиба пахши мустақими телевизионӣ аз рафти ҷаласаи парлумони Англия сурат гирифт.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1922 дар замимаи нашрияи шӯравии «Рабочая газета» аввалин шумораи маҷаллаи суратдори «Рабочий» нашр шуд, ки пас аз чанд вақт номи «Крокодил»-ро гирифт.

Июнь 4, 2023 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш