Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ табодули афкор намуданд

Июнь 28, 2023 16:36

ДУШАНБЕ, 28.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. 26 июн дар Люксембург мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо оид ба корҳои хориҷӣ ва сиёсати амниятӣ Ҷозеп Боррел баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо рӯзномаи феълии равобити дуҷонибаро матраҳ намуда, вобаста ба роҳҳои рушд ва тавсеаи ҳамкорӣ  байни  Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ табодули афкор намуданд.

Инчунин, масоили амнияти минтақавӣ, вазъ дар Афғонистон, таҳдиди терроризму экстремизм ва дигар масоили мубрами мавриди эҳтимоми тарафҳо муҳокима гардиданд.

Ёдовар мешавем, ки 26 июн дар шаҳри Люксембург ҷаласаи даҳуми Шӯрои ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 28, 2023 16:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон дар Ню-Йорк ҳамоиши сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ва таҳкими устувории иқлим баргузор намуд
Ҳамкории мутақобили судманд байни Тоҷикистон ва Ироқ баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин нақши фаъоли Тоҷикистонро дар доираи СММ ва саҳми ташаббусҳои байналмилалӣ таъкид намуд
Дар шаҳри Абу Забӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар Давҳа 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон таҷлил гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо вазирони корҳои хориҷии Салтанати Умон, Габон, Кипр ва Сингапур мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк омодагӣ ба Конфронси оби СММ – 2028 дар шаҳри Душанбе баррасӣ гардид
Идомаи сафари расмии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода  дар Ҷумҳурии Озарбойҷон
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Дабири кулли Созмони ҳамкории рақамӣ вохӯрӣ намуд
Таҳти ҳамоҳангсозии Тоҷикистон ҷаласаи сафирони Гурӯҳи кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ доир гардид
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар якчанд чорабинии сатҳи баланд дар Ню-Йорк иштирок намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо раиси иҷлосияи 81-уми Маҷмаи умумии СММ мулоқот намуд