Ба хотири таъмини амнияти экологӣ фаъолияти минбаъдаи корхонаи истеҳсоли сементи шаҳри Душанбе то охири соли 2023 боздошта мешавад

Июль 18, 2023 11:35

ДУШАНБЕ, 18.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар шароити имрӯза масъалаи ҳифзи муҳити зист, беҳдошти вазъи экологӣ, коҳиш додани таъсири манфӣ ба муҳити атроф, аз партовҳои ифлоскунанда тоза нигоҳ доштани фазо, пешгирии харобшавии табиат ва таъмини амнияти экологӣ аҳамияти муҳим дошта, пайваста зери таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, вобаста ба ин дар ҷаласаи васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазорату кумитаҳои давлатӣ ва мақомоти марбутаи мамлакат дастуру супоришҳо дода шуд, ки фаъолияти минбаъдаи корхонаи истеҳсоли сементи шаҳри Душанбе то охири соли 2023 боздошта шавад.

Зеро корхонаи мазкур, ки солҳои 40-уми асри гузашта сохта шудааст, имрӯзҳо умуман ба талабот ҷавобгӯ набуда, таъсири бевоситаи худро ба экологияи шаҳр ва сокинони он расонида истодааст.

Гузашта аз ин тамоми дастгоҳ ва таҷҳизоти истеҳсолии корхона фарсуда ва қисман корношоям буда, таъмири он ғайриимкон аст ва ҷараёни истеҳсоли семент дар ин корхона самаранок намебошад.

Ҳамзамон баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди мамлакат, аз ҷумла вилоятҳои Суғду Хатлон ва дигар минтақаҳо якчанд корхонаи азими истеҳсоли семент, аз қабили «Хуаксин Ғаюр семент», «Моҳир семент», «Хуаксин Ғаюр — Суғдсемент», «Тоҷ–Чайна» ва ғайра сохта, мавриди истифода қарор гирифтааст.

Ҳаҷми иқтидори истеҳсолии корхонаҳои мазкур калон буда, онҳо имконияти васеъ доранд, ки пурра талаботи бозори дохилии мамлакатро бо сементи истеҳсоли худӣ таъмин намуда, содироти маҳсулотро берун аз мамлакат низ ба роҳ монанд.

Ҳамаи ин тадбирҳо, пеш аз ҳама, ба софу беғубор нигоҳ доштани фазои экологии пойтахти азизамон – шаҳри Душанбе равона шудаанд.

АКС аз манбаъҳои боз

 

Июль 18, 2023 11:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид