Байни вазоратҳои саноати Тоҷикистон ва Чехия Протоколи ҳамкорӣ ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 19.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Байни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазорати саноат ва савдои Ҷумҳурии Чехия Протоколи ҳамкорӣ ба имзо расид. Ин санад дар доираи сафари вазири саноат ва савдои Ҷумҳурии Чехия ба Тоҷикистон ва Форуми сармоягузорӣ ва саноатии Тоҷикистон ва Чехия аз ҷониби Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон ва вазири саноат ва савдои Чехия ба имзо расид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Протокол масъалаҳои мубрами дуҷонибаро дар самтҳои авлавиятноки ҳамкории ду давлат дар бар гирифта, ба тақвияти ҳамкорӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ аз Чехия, истифодаи технологияи муосир ва технологияҳои «сабз»-и истеҳсоли ин давлати аврупоӣ дар раванди истеҳсолоти корхонаҳои саноатии Тоҷикистон мусоидат менамояд.
Бояд тазаккур дод, ки ҳамзамон дар шаҳри Душанбе нишасти 2-юми Гурӯҳи доимамалкунандаи байниидоравӣ оид ба ҳамкории саноатӣ ва иқтисодӣ ва Форуми сармоягузорию саноатии Тоҷикистон ва Чехия баргузор гардид. Дар он доираҳои соҳибкорию сармоягузории Тоҷикистон ва Чехия иштирок намуда, масъалаҳои мубрами тақвияти ҳамкориро дар соҳаҳои саноат, мошинсозӣ, туризм, ҷалби сармоя, рушди соҳибкорӣ ва дигар соҳаҳо баррасӣ намуданд.
Соҳибкорону сармоягузорони чехӣ бештар ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои мошинсозӣ, саноати кӯҳӣ, саноати сабук ва ғайра таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.
АКС: Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон








Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд
Дар Санкт-Петербург нахустин Форуми байналмилалии нақлиётӣ-логистикӣ доир гардид
Дурнамои рушди соҳаҳои маориф, тандурустӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ муаррифӣ карда шуд
Дар шаҳри Москва ҷаласаи 109-уми Шурои иқтисодии ИДМ баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Тотористон бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии парки технологии «ИСКРА-ВОЛГА» шинос шуд
Байни «Шабакаҳои интиқоли барқ»-и Тоҷикистон ва «Маркази илмӣ-техникии системаи ягонаи энергетикӣ»-и Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Рустам Минниханов: «Барои рушди ҳамкории бисёрҷониба байни Тоҷикистон ва Тотористон имконоти фаровон мавҷуданд»
Дар Қазон ҷаласаи 68-уми Шурои электроэнергетикии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
«GEOSCIENCE & EXPLORATION CENTRAL ASIA». Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии геологӣ иштирок намуд
Сармоягузорони Чин бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии МОИ «Данғара» шинос шуданд






