Дар Боғи «Кӯли ҷавонон»-и ноҳияи Сино намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва барномаи фарҳангии ноҳияи Қубодиён баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 04.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. 2 июл дар Боғи фарҳангиву фароғатии «Кӯли ҷавонон»-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Намоиш- фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, таомҳои миллӣ ва барномаи фарҳангии санъаткорони ноҳияи Қубодиён баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино хабар медиҳад.
Дар намоиш-фурӯши мазкур маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла картошка, пиёз, сабзӣ, карам, қаламфури булғорӣ ва дигар навъҳои сабзавот, меваҳои шаҳдбор, тарбузу харбуза ва зироати ғалладонагӣ бо нархҳои нисбат ба бозор арзон пешниҳоди сокинону меҳмонони пойтахт гардиданд.
Дар чорабинии мазкур роҳбарияти Вазорати кишоварзии Тоҷикистон, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳуурии Тоҷикистон муовини Раиси шаҳри Душанбе, муовинони Раиси ноҳияи Синои пойтахт иштирок намуданд.
Ба намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён барои ташкили намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва пешниҳоди барномаи зебои фарҳангӣ миннатдорӣ баён гардид.



Хотиррасон мешавем, ки шуруъ аз 1 июл то 3 сентябри соли равон дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ Намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву фароғатӣ баргузор менамоянд.
Вақти баргузории Намоиш-фурӯши маҳсулоти кишварзӣ ва таомҳои миллӣ аз соати 8 то 11 ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва барномаи фарҳангиву адабӣ аз соати 17:00 то 20:00 муқаррар карда шудааст.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино








Вазъи кунунии ҳамкории мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ гардид
Дар шаҳри Кӯлоб кишти пунбадона оғоз гардид
Густариши ҳамкорӣ дар самти энергетикаи Тоҷикистон бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд баррасӣ гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар вилояти Суғд суръати рушди соҳаи саноат 13 банди фоизӣ коҳиш ёфтааст»
Дар Хатлон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт сохта мешавад
ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд






