Дар деҳаи Рожи Ҷамоати деҳоти Сучони ноҳияи Шуғнон мушкилоти оби полезӣ бартараф гардид
ДУШАНБЕ, 17.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар деҳаи Рожи Ҷамоати деҳоти Сучони ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон канали обёрикунӣ мавриди истифода қарор гирифт. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия хабар медиҳад.
Лоиҳаи сохтмони канали обёрикунӣ дар деҳаи мазкур дар доираи Барномаи ҳукумати Ҷопон оид ба кумакҳои бебозгашт ва амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ (GGP) бунёд гардидааст.
Маблағгузории лоиҳа аз ҷониби Сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон ба роҳ монда шуда, корҳои сохтмонӣ моҳи апрели имсол оғоз гардиданд.
Дар доираи лоиҳаи мазкур қубури обгузари полиэтилении қутри 315 мм дар масофаи 1800 метр гузаронида шуда, дар натиҷа таъминоти оби полезӣ дар 4 деҳаи зерҳадафи лоиҳа беҳтар гардид.
Ёдовар мешавем, ки 23 январи соли равон дар шаҳри Душанбе созишномаи лоиҳаи сохтмони канали обёрикунӣ дар Ҷамоати деҳоти Сучони ноҳияи Шуғнон дар доираи Барномаи ҳукумати Ҷопон оид ба кумакҳои бебозгашт ва амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ (GGP) ба имзо расид.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон








ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд






