Дар ноҳияи Восеъ бинои иловагӣ барои 150 ҷои нишаст ифтитоҳ гардид
ВОСЕЪ, 30.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №16 дар ноҳияи Восеъ бинои иловагӣ барои 150 ҷойи нишаст мавриди истифода қарор дода шуд. Дар ин хусус мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон Холзода иттилоъ додааст.
Дар маросими ифтитоҳи он Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид иштирок намуд.
Иттилоъ дода шуд, ки бинои таълимии мазкур тибқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ бо маблағгузории Ташкилоти ҷамъиятии «Эҳёи Сомониён» иборат аз 1 бино бо 1 блоки якошёна, 6 синфхонаи таълимӣ барои 300 хонанда дар ду баст ба нақша гирифта шудааст.
Сохтмони муассисаи мазкур соли 2022 оғоз гардида, фармоишгари он Муассисаи давлатии «Маркази татбиқи Лоиҳаи «Сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо» мебошад. Зимни сохтмони муассисаи таълимӣ беш аз 15 нафар коргарони маҳаллӣ ба корҳои сохтмониву васлкунӣ ҷалб шуданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон








Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хоруғ беш аз 5 ҳазор гул шинонида шуд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Мастчоҳ якчанд иншооти иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар деҳаи Оламафрӯзи Ҷамоати Лолазори ноҳияи Данғара пули мошингузар ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Сокинони деҳаи ба номи Ортиқ Ҷумаеви шаҳри Турсунзода бо оби нӯшокӣ таъмин шуданд
Дар доираи сафари кории Президенти Тоҷикистон дар Исфара иншооти соҳаи тандурустӣ ба истифода дода шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мастчоҳ 735 иншоот бунёду навсозӣ гардидааст






