Дар ҳошияи Форуми сиёсии сатҳи баланди СММ ташаббуси Тоҷикистон оид ба таъсиси Маркази минтақавии дипломатияи нақлиётӣ баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 19.07.2023 /АМИТ Ховар»/. Ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъсис додани Маркази минтақавии дипломатияи нақлиётӣ дар шаҳри Душанбе дар чорабинии канорӣ, ки дар ҳамкории Тоҷикистон бо ТРАСЕКА, Маркази байналмилалии дипломатияи нақлиётӣ дар доираи Форуми сиёсии сатҳи баланди Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид баргузор гардид, баррасӣ шуд.
Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти мамлакат иттилоъ медиҳад.
Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъсиси Маркази минтақавии дипломатияи нақлиётӣ дар шаҳри Душанбе, ки дар робита ба он ризоияти Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гирифта шудааст, маълумоти муфассал дод. Зимни ишора ба зарурат ва ҳадафи таъсиси ин марказ гуфта шуд, ки таъсиси нахустин Маркази минтақавии дипломатияи нақлиётӣ дар Душанбе яке аз рӯйдодҳои муҳими ин самт арзёбӣ гардида, он саҳми назарраси худрро ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои марбут ба Рӯзномаи 2030 оид ба рушди устувор хоҳад гузошт.
Муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, Намояндаи олии Гурӯҳи кишварҳои пешрафтаи маҳсур дар хушкӣ, кишварҳои дар ҳоли рушд ва давлатҳои хурди ҷазиравӣ дар нишасти мазкур баррасии мавзуи чорабиниро саривақтӣ ва муҳим шуморида, ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷонибдорӣ намуд.
Дар нишаст Дабири кулли Котиботи доимии Комиссияи байниҳукуматии ТРАСЕКА, Котиби иҷроияи Маркази байналмилалии дипломатияи нақлиётӣ, намояндагони муассисаҳои таълимӣ ва ассотсиатсияҳои тиҷоратии кишварҳои Осиёи Марказӣ низ аз ин ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқбол намуда, таъсиси чунин Марказро муҳим донистанд. Дар баробари ин зимни нишасти мазкур боз як ташаббуси муҳим- ташкили аввалин Озмуни ҷаҳонии донишҷӯён оид ба устувории занҷири таъминот пешниҳод гардид.
Бояд тазаккур дод, ки зарурати таъсиси Маркази минтақавии дипломатияи нақлиётӣ дар шаҳри Душанбе аз ҷониби Вазири нақлиёти Тоҷикистон дар нишасти 10-уми вазирони нақлиёти кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, ки охири моҳи апрели соли 2023 дар пойтахти Ҳиндустон- шаҳри Деҳлӣ доир гардид, эълон шуда буд.
АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Хуршед Каримзода дар ҳамоиши байналмилалии «Такмили экосистемаи ҷаҳонии савдо» дар Корея иштирок намуд
Соли равон соҳибкорони Тоҷикистон ба маблағи 71,3 миллион сомонӣ андоз супориданд
Байни Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва Бюрои савдои Вэнтсзяни Чин Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Вазъи кунунии ҳамкории мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ гардид
Дар шаҳри Кӯлоб кишти пунбадона оғоз гардид
Густариши ҳамкорӣ дар самти энергетикаи Тоҷикистон бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд баррасӣ гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар вилояти Суғд суръати рушди соҳаи саноат 13 банди фоизӣ коҳиш ёфтааст»
Дар Хатлон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт сохта мешавад
ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд






