Дар шаш моҳ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳияи Шаҳринав беш аз 23 миллион сомонӣ афзоиш ёфтааст
ШАҲРИНАВ, 18.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаш моҳи соли 2023 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳияи Шаҳринав ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба 163 миллиону 793 ҳазору 400 сомонӣ расидааст, ки ин нишондиҳанда дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 23 миллиону 422 ҳазор сомонӣ зиёд аст. Дар ин хусус ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав хабар доданд.
Тибқи иттилои сардори шуъбаи кишоварзии ноҳия Рӯзибой Муқимов, кишоварзони ноҳияи Шаҳринав дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар майдони 3474 гектар кишти тирамоҳии ғалладонагӣ ва дар 195 гектар пиёзи барвақтӣ гузарониданд. Инчунин деҳқонони ноҳия дар фасли баҳор дар майдони 4154 гектар ғалладонагӣ, картошка, зағир, маҳсар, нахуд ва сабзавоти гуногун кишт намуданд.
Имсол бо мусоид омадани боду ҳаво деҳқонони Шаҳринав ҳосили фаровон ба даст оварданд. Дар шаш моҳи соли равон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 7791 тонна ғалладонагӣ, 4760 тонна картошка, 2899 тонна меваҳои гуногун, 21 ҳазору 538 тонна сабзавот ва 2054 тонна хӯроки чорво истеҳсол гардидааст.
Мувофиқи ҳисоботи мутахассисони шуъбаи кишоварзии ноҳия, дар шаш моҳи соли 2023 ҳосилнокии зироати кишоварзӣ, аз ҷумла ғалладонагиҳо аз 13,8 то 50,3 сентнер, картошка 160 сентнер, пиёз 440 сентнер ва сабзавот 246 сентнерро ташкил дод.
Тибқи иттилои манбаъ, дар ин давра ба хориҷи мамлакат 31,1 тонна гелос, 34,2 тонна шафтолу ва 267,4 тонна олу содирот шудааст. Ҳамчунин кишоварзони ноҳияи Шаҳринав соли равон ба бозорҳои ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе 1237 тонна гелос, 1694 тонна қулфинай, 97,3 тонна олу, 3975 тонна картошка, 3700 тонна пиёз ва 1971 тонна бодиринг содирот намудаанд.
Дар айни замон дар ноҳия кишти такрории зироати кишоварзӣ бомаром идома дорад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав








Беш аз 22 фоиз сармоягузории ба рушди Шабакаи нақлиётии АвруОсиё равонашуда ба кишварҳои Осиёи Марказӣ рост меояд
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ доир мегардад
Ҳамкории Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш меёбад
Татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар самти энергияи барқароршаванда байни Тоҷикистон ва Ҳиндустон баррасӣ шуд
ИСЛОҲОТ ДАР НИЗОМИ ИҶОЗАТДИҲӢ. Тоҷикистон фазои маъмуриро барои соҳибкорону сармоягузорон мусоидтар намуд
Дар Тоҷикистон кадом бахши кишоварзӣ аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ пурра озод мебошад?
Лоиҳаи «Барномаи давлатии рушди инноватсионии соҳаи пахтакорӣ барои солҳои 2026-2030» таҳия мегардад
Роҳи мошингарди «Айнӣ – Кӯҳистони Мастчоҳ» навсозӣ мешавад
Лоиҳаи Барномаи нави саноатикунонии босуръати Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030 таҳия мегардад
ЭНЕРГИЯИ «САБЗ». Дар Тоҷикистон нахустин лоиҳаи неругоҳи офтобӣ бо иқтидори 500 МВт татбиқ карда мешавад
Байни Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва UNDP оид ба коҳиш додани истифодаи гидрофторкарбонҳо созишнома ба имзо расид
Аз 1 январ раёсат дар Шуро оид ба авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ ба Тоҷикистон гузашт






