Дар соҳаи нақлиёти Тоҷикистон 12 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи беш аз 1,5 миллиард доллар татбиқ гардид

Июль 28, 2023 17:30

ДУШАНБЕ, 28.07.2023 /АМИТ«Ховар»/. Ҳоло дар соҳаи нақлиёти мамлакат 12 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи 1 миллиарду 55 миллион доллари амрикоӣ тибқи созишномаҳои қарзию грантӣ мавриди татбиқ қарор доранд. Чунин иброз дошт Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим имрӯз дар нишасти матбуотӣ ба доираи васеи намояндагони воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ ва хориҷӣ.

Мавсуф таъкид намуд, ки лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ дар соҳаи роҳу нақлиёт таҳти таваҷҷуҳи хоссаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд.

Вазири нақлиёт аввали моҳи июни соли равон пурра ба анҷом расонидани лоиҳаи сохтмон ва таҷдиди қитъаи роҳи Қизилқалъа-Бохтар бо дарозии 9,2 км бо категорияи 1 бо маблағгузории гранти Ҷопонро яке аз дастовардҳои соҳаи нақлиёти мамлакат дар шашмоҳаи аввали соли равон арзёбӣ намуд.

Гуфта шуд, ки соли равон корҳо дар лоиҳаҳои сохтмону таҷдиди «Беҳтар намудани роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ-БРАМОМ-4», ки дар доираи он қитъаҳои Бекобод-Деҳмой, Деҳмой-Ғафуров, Ғафуров-Хистеварз ва Конибодом-Кучкаки (52 км) вилояти Суғд, Бохтар – Лолазор (40 км), сохтмони пул аз болои дарёи Ғунд ва роҳҳои ба пул баранда, долони зиддитармавӣ дар Бадахшон оғоз гардида, дар лоиҳаҳои Гулистон-Кӯлоб (35 км), Данғара-Гулистон (49,2 км), Гулистон-Фархор (40 км) дар марҳилаи оғоз қарор доранд.

Дар раванди татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ 4091 нафар мутахассисону коргарон фаъолият доранд, ки 3272 нафар ё 80 фоизро шаҳрвандони Тоҷикистон ташкил дода, зиёда аз 1000 техника барои корҳои сохтмонӣ ҷалб шудаанд.

Ҳоло асосноккунии техникию иқтисодии лоиҳаҳои сарҳади маъмурии ноҳияи Рӯшон то деҳаи Варшези ноҳияи Шуғнон (235 км), Ховалинг — Сангвор (75 км) ва Балҷувон — Сарихосор (65км) идома дорад.

Инчунин барои ҷалби сармоя ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои давлатии афзалиятноки сармоягузории сохтмон ва таҷдиди роҳҳои автомобилгарди Лаби Ҷар-Қалъаихумб (134 км), Балҷувон-Сарихосор (60 км), Бохтар — Ҷ. Балхӣ-Қубодиён-Шаҳритус-Айвоҷ-сарҳади Узбекистон (170 км), Рӯшон-Хоруғ-Кулма (530 км), Хуҷанд-Конибодом (75 км), Хуҷанд-Ашт (122 км), Ховалинг-Сангвор (75 км) рушди иқтидорнокӣ ҷиҳати идоракунии нигоҳдории пулҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, эстакадаи хиёбони С. Шерозӣ бо буриши кӯчаи А. Қаҳҳоров дар шаҳри Душанбе, сохтмони роҳи оҳани Ҷ. Балхӣ-Панҷи Поён (51 км), иншооти аз офатҳои табиӣ зарардида дар ҷумҳурӣ корбарӣ барои дарёфти маблағгузории онҳо бо институтҳои байналмилалии молиявӣ ва Шарикони Рушд идома дорад.

Дар нишасти матбуотӣ таъкид шуд, ки барқарорсозии пулҳо аз болои дарёи Кофарниҳон дар километри 9,8 аз болои дарёи Элок, дар километри 11-уми роҳи автомобилгарди Душанбе-Рӯдакӣ ва барқароркунии қисматҳои роҳу пулҳои аз таъсири офатҳои табиӣ харобу корношоямгашта дар минтақаҳои Хатлону Рашт бо Бонки ҷаҳонӣ дар марҳилаи пеш аз оғози татбиқ қарор доранд.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 28, 2023 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Эрон дар самти густариши ҳамкории саноатӣ ва тиҷоратӣ ба мувофиқа расиданд
Дар Душанбе тақвияти ҳамкории гумрукӣ байни Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ гардид
Дар ҷаласаи гурӯҳи корӣ масъалаи пешгирии талафот ва истифодаи ғайриқонунии неруи барқ баррасӣ шуд
Ҷаласаи муштараки гурӯҳи корӣ ва муколамаи миллии сиёсӣ оид ба идоракунии захираҳои об баргузор гардид
Ҳаҷми гардиши савдо байни Тоҷикистон ва Эрон 483,9 миллион доллари амрикоиро ташкил дод
Тоҷикистон бо Бонки Осиёии Рушд дар самти рақамикунонии фаъолияти гумрукӣ ҳамкориро густариш медиҳад
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо корҳои созандагию ободонӣ дар ноҳияи Ёвон шинос гардид
Дар Душанбе ҷаласаи 13-уми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратӣ ва иқтисодии Тоҷикистону Узбекистон баргузор шуд
Байни Тоҷикистон ва Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ барои бунёди хати интиқоли барқ дар Тоҷикистон Созишномаи молиявии грантӣ ба имзо расид
Вазири саноат, маъдан ва тиҷорати Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар Хатлон дар беш аз 64 ҳазор гектар тухмгузории малахи марокашӣ ба қайд гирифта шудааст
Ба иқтисоди Тоҷикистон соли 2025 қариб 7 миллиард доллар сармояи хориҷӣ ворид гардид