Дар Тоҷикистон беш аз 10,7 миллиард кВт/соат неруи барқ истеҳсол гардидааст

Июль 31, 2023 14:53

ДУШАНБЕ, 31.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Соли равон дар мамлакат бо дарназардошти неругоҳҳои хурд беш аз 10,7 миллиард кВт/соат неруи барқ истеҳсол гардидааст, ки дар қиёс нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 209,3 миллион кВт зиёд буда, суръати афзоиш 103,3 фоиз таъмин гардидааст. Дар ин хусус Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа имрӯз зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти Вазорати энергетика ва захираҳои оби мамлакат дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Вазир афзуд, ки дар ин давра вазорат вобаста ба масъалаҳои рушд ва таҷдиди соҳаи энергетика ва ташаббусҳои глобалии Президенти Тоҷикистон дар соҳаи об ва ҳифзи пиряхҳо, ки панҷумин ибтикори ҷаҳонии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои об ва иқлим дар миқёси сайёра мебошад, тадбирҳои судманд андешид, ки татбиқи онҳо имрӯзҳо идома дорад.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 31, 2023 14:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазъи кунунии ҳамкории мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ гардид
Дар шаҳри Кӯлоб кишти пунбадона оғоз гардид
Густариши ҳамкорӣ дар самти энергетикаи Тоҷикистон бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд баррасӣ гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар вилояти Суғд суръати рушди соҳаи саноат 13 банди фоизӣ коҳиш ёфтааст»
Дар Хатлон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт сохта мешавад
ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд