«ДАСТАРХОНОРОӢ». Дар шаҳри Бӯстон даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ гузаронида шуд
ДУШАНБЕ, 24.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Бӯстон даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Дастархонороӣ» баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр хабар медиҳад.
Дар озмуни мазкур роҳбарияти шаҳри Бӯстон ва фаъолзанони вилояти Суғд иштирок намуданд.
Иброз дошта шуд, ки тибқи ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид, озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ ва ҷашну солгардҳо дар сатҳи ҷумҳурӣ барои соли 2023 дар мамлакат Озмуни ҷумҳуриявии «Дастархонороӣ» доир мегардад.
Ҳадафи озмуни мазкур- татбиқи муваффақонаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад.
Дар озмуни мазкур масъулони тарабхонаву муассисаҳо ва аҳолӣ иштирок намуда, ҳайати ҳакамон ба дастархонҳои ороста баҳо гузоштанд.
Ба ғолибон туҳфаву дипломҳои дараҷавии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон тақдим шуда, ғолиби ҷойи аввал ба даври вилоятии озмун роҳхат гирифт.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон










Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд
Дар Душанбе намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр баргузор мегардад
ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад






