ФУТБОЛ. Дастаи ҷавонони Клуби марказии варзишии Артиш барандаи Ҷоми «Ҷавонӣ» гардид

Июль 26, 2023 10:20

ДУШАНБЕ, 26.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Мусобиқаи анъанавии Ҷоми «Ҷавонӣ» байни  дастаҳои ҷавонони Лигаи олии Тоҷикистон оид ба футбол бо пирӯзии дастаи ҷавонони Клуби марказии варзишии Артиш (КМВА)-и Душанбе ба анҷом расид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.

Дар мусобиқаи Ҷоми «Ҷавонӣ», ки дар ду марҳила – муқаддамотӣ ва ниҳоӣ баргузор шуд, даҳ дастаи чемпионати Тоҷикистон байни  ҷавонон иштирок намуданд.

Дар вохӯрӣ барои ҷойи сеюм дастаи «Эсхата»-и Хуҷанд бар «Хатлон»-и Бохтар бо ҳисоби 3:2 пирӯз шуд.

Дар бозии ниҳоӣ дастаи ҷавонони Клуби марказии варзишии Артиши шаҳри Душанбе  бар ҳамсолони худ аз «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода бо ҳисоби 1:0 ғолиб омад.

Қурбоналӣ Муродов аз КМВА-и Душанбе беҳтарин бозингари бозии ниҳоии Ҷоми «Ҷавонӣ» эътироф шуд. Ба ғайр аз ҷом,  ба ғолиби мусобиқа – КМВА 30 ҳазор сомонӣ ҷоизапулӣ тақдим гардид. Иштирокчии бозии ниҳоии мусобиқа – «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода 20 ҳазор сомонӣ ва барандаи медали биринҷӣ – «Эсхата» 10 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ гирифтанд.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Июль 26, 2023 10:20

Хабарҳои дигари ин бахш

CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд