ФУТБОЛ. «Истиқлол» дар бозии рафиқона бо дастаи «Пахтакор»-и шаҳри Тошканд ғолиб гардид

Июль 24, 2023 11:42

ДУШАНБЕ, 24.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Шоми дирӯз  дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон  байни дастаҳои футболи «Пахтакор»-и шаҳри  Тошканд ва чемпиони Тоҷикистон-  дастаи  футболи  «Истиқлол»-и шаҳри  Душанбе  бозии рафиқона дар сатҳи баланд баргузор гардид. Дар ин хусус  шореҳи  варзиши  АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар ин бозӣ дастаи «Истиқлол»-и шаҳри  Душанбе дастаи футболи «Пахтакор»-и шаҳри  Тошкандро  бо  ҳисоби 2:1 мағлуб намуд.

Дар вохӯрӣ голҳои  дастаи футболи  «Истиқлол»-и шаҳри  Душанберо  Артур Карташиян (дар дақиқаи 31-ум аз ҷаримаи ёздаҳметра) ва Сенин Себай (дар дақиқаи 78-ум) ба  нишон  расониданд.

                                                  АКС аз бойгонӣ

Июль 24, 2023 11:42

Хабарҳои дигари ин бахш

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад