Корхонаҳои саноатии Тоҷикистон ба маблағи беш аз 16,6 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд

Июль 20, 2023 17:33

ДУШАНБЕ, 20.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар панҷ моҳи соли равон дар Тоҷикистон корхонаҳои саноатӣ ҳамроҳ бо соҳибкорони хусусӣ ба маблағи беш аз 16,6 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 1 миллиарду 155,1 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Суръати афзоиш бо дарназардошти нархҳои қиёсӣ дар сатҳи 9,0 фоиз таъмин гардидааст. Рушди босуботи соҳаи саноат ба таъмини устувории иқтисодиёт, баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакат ва рақобатнокии он заминаи мусоид мегузорад.

Ҳукумати мамлакат дар радифи дигар соҳаҳои ҳаётан муҳим ба рушди соҳаи саноат таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дар ин самт пайваста тадбирҳои зиёде ба роҳ мемонад.

Ҳоло Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 амалӣ гардида истодааст, ки он ба афзун намудани ҳаҷми маҳсулот, таъмини рақобатнокӣ, ташкили корхонаю коргоҳҳои нав бо таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва ҳалли вазифаҳои иҷтимоии давлат мусоидат намуда, барои гузариши иқтисодиёти ҷумҳурӣ аз шакли тавлидкунандаи ашёи хом ба истеҳсолкунандаи маҳсулоти ниҳоӣ замина мегузорад.

Ин аст, ки саноати мамлакат омили муҳими ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ буда, ҳиссаи он дар Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ҳамасола батадриҷ зиёд гардида истодааст. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ аз 15,1 миллиард сомонии соли 2016 то ба 43,0 миллиард сомонӣ дар соли 2022 расонида шуд, ки суръати рушд 2,8 баробар зиёд гардид. Дар панҷ моҳи соли 2023 омили асосии рушди суръати соҳаи саноат асосан аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми саноати истихроҷ – 2,8 фоиз, саноати коркард – 12,8 фоиз, таъминоти неруи барқ, газ, буғ ва тозакунии ҳаво – 13,1 фоиз ба амал омадааст. Амалишавии пайдарпайи чорабиниҳо оид ба рушди соҳаи саноат ба афзоиши ҳаҷми маҳсулоти саноатии минтақаҳои ҷумҳурӣ мусоидат менамояд, ки дар панҷ моҳи соли равон суръати рушди соҳаи саноат дар вилояти Суғд нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 108,8 фоиз, Хатлон 112,4 фоиз ва шаҳри Душанбе 121,6 фоиз баланд гардида, дар навоҳии тобеи ҷумҳурӣ/НТҶ/ ба 92,6 фоиз ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон /ВМКБ/ ба 89,6 фоиз баробар гардид.

Дар давраи ҳисоботӣ 3174 коргоҳу корхонаи истеҳсолӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои истихроҷ — 301 адад, коркард — 2706 адад, таъминоти неруи барқ, газ, буғ ва тозакунии ҳаво — 71 адад ва таъминоти об ва коркарди партовҳо — 96 адад фаъолият намудаанд. Аз ин шумора 986 адад (31,1 фоиз аз шумораи умумии корхонаҳо) ба вилояти Суғд, 781 адад (24,6 фоиз) – ба вилояти Хатлон, 710 адад (22,4 фоиз) – ба шаҳри Душанбе, 607 адад (19,1 фоиз) – ба навоҳии тобеи ҷумҳурӣ ва 90 адад (2,8 фоиз) – ба ВМКБ рост меояд.

АКС: Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 20, 2023 17:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи 20-уми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Руминия дар соҳаи алоқа густариш меёбад
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Фархор шинос шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар муколамаи сатҳи баланд доир ба татбиқи тарҳи минтақавии «CASA-1000» иштирок намуд
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба нақши матбуот дар ташаккули ҳувияти миллӣ ҳамоиш доир гардид
Татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Кулма баррасӣ гардид
«ITB Berlin 2026». Дар доираи намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Дар минтақаи ҷангалпарварии ноҳияи Рӯдакӣ зиёда аз 30 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар водиҳои Тоҷикистон кишти картошка идома дорад
Дар шоҳроҳи Роғун — Нуробод зиёда аз 900 бех ниҳоли олуча ва дарахтони сояафкан шинонида шуд
«Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мавриди амал қарор дорад
НИСОИ БУЛУНКӮЛ. Муаррифии фаъолияти зане, ки роҳбарии Истгоҳи ҳавосанҷиро дар ноҳияи Мурғоб бар уҳда дорад