Маҳсулоти кишоварзӣ, таомҳои миллӣ ва ҳунарҳои мардумии шаҳри Конибодом ба меҳмонону сокинони пойтахт намоиш дода шуд

Июль 3, 2023 19:14

ДУШАНБЕ, 03.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. 2 июл дар Муассисаи давлатии «Боғи Ирам»-и шаҳри Душанбе бо ташаббусти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, таомҳои миллӣ ва ҳунарҳои мардумӣ доир гардид.

Дар намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, таомҳои миллӣ ва ҳунарҳои мардумӣ намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва намояндагони дигар вазорату идораҳо иштирок намуданд.

Иштирокчиён дар саҳни боғ бо намоиши ҳунарҳои мардумии ҳунармандони шаҳри Конибодоми вилояти Суғд, ки бо санъати баланд оро дода шуда буд, шинос шуданд.

Ҳунармандон бо завқи баланд дар намоиши ҳунарҳои мардумии шаҳри Конибодом иштирок намуда, истеъдод ва ҳунари худро пешниҳоди сокинони пойтахт гардониданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ

Июль 3, 2023 19:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазъи кунунии ҳамкории мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ гардид
Дар шаҳри Кӯлоб кишти пунбадона оғоз гардид
Густариши ҳамкорӣ дар самти энергетикаи Тоҷикистон бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд баррасӣ гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар вилояти Суғд суръати рушди соҳаи саноат 13 банди фоизӣ коҳиш ёфтааст»
Дар Хатлон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт сохта мешавад
ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд