НИЗОМИ ИТТИЛООТИИ КОРКАРДИ МАЪЛУМОТИ ГУМРУКИИ АСИКУДА. Дар Душанбе маросими озмоишии ба роҳ мондани он дар мақомоти гумруки Тоҷикистон доир шуд

Июль 26, 2023 16:35

ДУШАНБЕ, 26.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе маросими озмоиши Низоми иттилоотии коркарди маълумоти гумрукии АСИКУДА-и ҷаҳонӣ дар мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Махзани электронии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки дар маросими озмоишии низоми мазкур роҳбарияти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ, Бонки ҷаҳонӣ, Созмони Милали Муттаҳид ва дигар шарикони рушд, инчунин намояндагони бахши хусусӣ иштирок намуданд.

Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуд, ки бароҳмонии озмоишии Низоми иттилоотии коркарди маълумоти гумрукии АСИКУДА-и ҷаҳонӣ дар мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Махзани электронии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ дар роҳи сода гардонидани расмиёти савдо, кам кардани монеаҳо, рушди тиҷорат, таъмини амнияти иқтисодии мамлакат ва рушди ҳукумати электронӣ дар Тоҷикистон қадами муассир аст.

Бо мақсади иҷрои чорабиниҳои Барномаи рушди миёнамуҳлати мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024 оид ба такмили маъмурикунонии гумрукӣ аз нимсолаи дуюми соли 2022 дар асоси созишномаи баимзорасида бо Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба савдо ва рушд (ЮНКТАД) дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Низоми иттилоотии коркарди маълумоти гумрукии АСИКУДА-и ҷаҳонӣ ҳамчун марҳили нави ислоҳоти гумрукӣ амалӣ гардида истодааст. Низоми иттилоотии мазкур дар доираи қисмати сеюми Марҳилаи чоруми лоиҳаи «Беҳтар намудани роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ», ки аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ маблағгузорӣ мегардад, амалӣ мешавад.

Иброз гардид, ки ин низоми иттилоотӣ фарогири аксари расмиёти тиҷорати хориҷӣ буда, барои коркарди декларатсияи гумрукӣ ва ҳуҷҷатҳои ҳамроҳкунандаи он, баҳисобгирӣ ва назорати расмиёти транзит, нигаҳдории муваққатии мол ва автоматикунонии дигар расмиёти гумрукӣ пешбинӣ гардидааст.

Низом ба суръатбахшии барасмиятдарории гумрукӣ тавассути автоматикунонӣ ва содагардонии расмиёти гумрукӣ нигаронида шуда, бо ин роҳ кам кардани хароҷоти маъмурии иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ва мақомоти давлатиро таъмин менамояд. Ҳамчунин низоми мазкур ба ғанӣ гардидани Буҷети давлатӣ тавассути ҷамъоварии дурусти пардохтҳои гумрукӣ мусоидат менамояд.

Ҳадафи асосии амалисозии низоми мазкур- ҳосил намудани маълумоти муътамад ва саривақтӣ дар бораи тиҷорати хориҷӣ ва омори фискалӣ ҳангоми барасмиятдарории гумрукӣ, ки ба ҷараёни банақшагирии иқтисодӣ мусоидат менамоянд, маҳсуб мешавад.

Гуфта шуд, ки татбиқи ислоҳоти гумрукӣ ва гузариш ба низоми АСИКУДА имкон медиҳанд, ки дар сатҳи миллӣ низоми пурраи электронии танзими гумрукӣ ҷорӣ гардида, таҷрибаи муосир ва пешқадами байналмилалӣ бо мақсади баланд бардоштани шаффофият, беҳтар намудани назорати идорӣ ва афзоиши пардохтҳои гумрукӣ амалӣ шавад.

Дигар иқдоми муҳиме, ки дар доираи Марҳилаи чоруми лоиҳаи «Беҳтар намудани роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ» амалӣ мешавад, ин таҳияи Махзани электронии санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи фаъолияти гумрукӣ мебошад. Дастрасӣ ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи фаъолияти гумрукӣ барои баланд бардоштани сатҳи фарҳанги ҳуқуқии тоҷирон, шаффофияти расмиёти гумрукӣ ва татбиқи якхелаи қонунгузории гумрук муҳим арзёбӣ гардида, ба ҳадафҳои Созишномаи Созмони ҷаҳонии тиҷорат оид ба содагардонии расмиёти савдо ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди дастрасии озод ба иттилоот созгор мебошад. Бо ин мақсад бо дастгирии Бонки ҷаҳонӣ аз ҷониби ширкати ватании барномасоз низоми электронии ягона ва мутамарказ, ки дар он тамоми санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи гумрук ҷойгир мешаванд, таҳия ва марҳилаи озмоишии он роҳандозӣ шуд.

Моҳи октябри соли 2022 дар дастгоҳи марказии Хадамоти гумрук бо иштироки Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дабири кулли Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба савдо ва рушд (ЮНКТАД), намояндагони Бонки ҷаҳонӣ, Созмони Милали Муттаҳид ва вазорату идораҳои марбутаи давлатӣ маросими оғози татбиқи Низоми иттилоотии коркарди маълумоти гумрукии АСИКУДА-и ҷаҳонӣ дар мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида буд. Низоми АСИКУДА бо дарназардошти рамзҳо ва стандартҳои байналмилалии таҳиянамудаи Созмони байналмилалӣ оид ба стандартҳо, Созмони ҷаҳонии гумрук ва Созмони Милали Муттаҳид татбиқ мешавад. Низоми мазкурро ба хусусияти миллии расмиёти алоҳидаи гумрукӣ, тариф ва қонунгузории миллӣ мутобиқ намудан имконпазир аст. АСИКУДА мубодилаи электронии маълумоти заруриро байни иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ва мақомоти гумрук бо истифода аз стандартҳои пешрафта таъмин менамояд. Бояд тазаккур дод, ки Низоми иттилоотии коркарди маълумоти гумрукии АСИКУДА дар зиёда аз 100 кишвари дунё татбиқ шуда, дар фаъолияти мақомоти гумруки ин давлатҳо муваффақона амалӣ мегардад.

Дар идомаи маросими бароҳмонии озмоишии Низоми иттилоотии коркарди маълумоти гумрукии АСИКУДА-и ҷаҳонӣ дар мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Махзани электронии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ инчунин намояндагони СММ, Бонки ҷаҳонӣ ва дигар шарикони рушд доир ба муҳимият ва афзалияти Низоми иттилоотии коркарди маълумоти гумрукии АСИКУДА-и ҷаҳонӣ маъруза намуда, онро қадами устувор дар роҳи татбиқи барномаҳои афзалиятноки давлатӣ ва дурнамои рушди иқтисоди миллӣ арзёбӣ намуданд.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 26, 2023 16:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Вазорати кишоварзии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзии Қазоқистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
НАЗАРИ КОРШИНОС. Рушди минбаъдаи иқтисодиёти Тоҷикистон бояд ба рушди фаъолияти соҳибкорию бахши хусусӣ нигаронида шавад
Дар Душанбе ба маблағи зиёда аз 47 миллион доллар созишномаҳои грантӣ ба имзо расиданд
Байни Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон ва Кумитаи назорат ва бозрасии ветеринарии Вазорати кишоварзии Қазоқистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ИМЗОИ ЁДДОШТИ ТАФОҲУМ. Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи нафту газ тақвият мебахшанд
Таҷрибаи Қазоқистон дар самти иқтисоди рақамӣ, ҳукумати электронӣ ва ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ мавриди истифодаи Тоҷикистон қарор мегирад
Дар ноҳияи Зафаробод коргоҳи истеҳсоли мумфарш ба фаъолият оғоз намуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи стандартизатсия, метрология ва баҳодиҳии мутобиқат ба имзо расид
Шарикони рушд дар барқарорсозии роҳу пулҳои аз офатҳои табиӣ зарардида кумак менамоянд
Агентии «Тоҷикстандарт» ба соҳибкорон моҳияти татбиқи стандартҳои байналмилалиро меомӯзонад
ТОҶИКИСТОН ВА ҚАЗОҚИСТОН. Гардиши тиҷорати хориҷӣ байни ду давлат соли гузашта 1,2 миллиард доллари ИМА-ро ташкил дод
Дар Душанбе дурнамои ҳамкорӣ бо Хазинаи кувайтии рушди иқтисодии араб баррасӣ гардид