РУШДИ ТАФАККУРИ ТЕХНИКӢ. Дар ин мавзуъ дар Китобхонаи миллӣ ҳамоиш доир гардид

Июль 3, 2023 09:52

ДУШАНБЕ, 03.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. 30 июн дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси шуъбаи адабиёти табиатшиносӣ, техникӣ ва илмҳои дақиқ мизи гирд таҳти унвони «Рушди тафаккури техникӣ – асоси рушди ҷомеа» баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Китобхонаи миллӣ хабар медиҳад.

Дар чорабини намояндагони Вазорати маориф ва илм, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, кормандони шуъбаву бахшҳои Китобхонаи миллӣ ва рӯзноманигорон иштирок намуданд.

Дар ҷамъомад баён гардид, ки тараққиёт ва инкишофи рӯзафзуни техника ва технология дар ҷаҳони муосир ниёзмандиҳои башариятро ҷиҳати омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ ва дақиқ бештар намуда, мардумро водор ба он менамояд, ки ба фароҳам овардани шароит ва омӯзиши улуми табиатшиносӣ ва риёзӣ беш аз пеш таваҷҷуҳ дошта бошанд. Зеро рушду инкишоф ва тараққиёти соҳаҳои гуногуни ҳаёти башарӣ бе омӯзиши дақиқ ва ҳамаҷонибаи илмҳои табиатшиносӣ имконпазир нест.

Дар идома таъкид гардид, ки зарурат ва муҳиммияти ин масъаларо ба инобат гирифта Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2019 дар Паёми солонаашон солҳои 2020-2040-ро «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон намудаанд. Вобаста ба амалӣ намудани бистсолаи мазкур ниҳодҳои марбута як қатор барнома ва чорабиниҳоро ҷиҳати ҷалби насли наврас ба омӯзиши илмҳои табии ва рушди соҳаи мазкур ва дар истеҳсолот ворид намудани ихтирооти анҷомёфта, таҳия ва амалӣ намуда истодааст.

Ҳамзамон намояндаи шуъбаи инноватсия ва нашрияҳои илмии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ вобаста ба рушди тафаккури техникии мардум дар замони муосир сухан карда, пешравии ҷаҳонбинии техникӣ ва тафаккури техникии мардум, махсусан ҷавононро ба инкишофи техника вобаста донист. Мавсуф гуфт, ки дар ҳоле агар мо кашфиёти нав дар ин самт кам дошта бошем, чи гуна метавонем тафаккурамонро дигар кунем. Бояд бештар ба ин гурӯҳи илмҳо рӯ овард. Дар интихоби касби ояндаи фарзандон низ бояд бетаваҷҷуҳ набуд. Мо озмунҳо ташкил намудем, ки «Илм фурӯғи маърифат» аз ҷумлаи беҳтарин намунаҳост, вале ин кифоя нест, бояд ғолибонро ҳаматарафа ҳавасманд намоем, ки ба кашфиёт рӯ оваранд, фақат бо ғолиб омадан қаноат накунанд. Дар мактабҳо низ ба равияҳо ҷудо намудан аз синфҳои болоӣ бояд ҳаматарафа назорат карда шавад. Дар ин ҳолат мо метавонем аз «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» натиҷаи дилхоҳ ба даст орем.

Намояндаи кафедраи химияи тадбиқии Донишгоҳи милии Тоҷикистон иброз дошт, ки «Пайвастагиҳои комплексии биометалҳо бо лигандҳои органикӣ»- яке аз мавзуъҳои хеле ҷолиб дар ин самт мебошад, ки дар он олимону пажӯҳишгарон кор кардаанд ва мо низ вобаста ба ҳамин мавзуъ тадқиқот анҷом додем.

«Маҳз дар натиҷаи таҳқиқ мо метавонем ба кашфиёт расем. Агар мо таҳқиқ кунем, омӯзем, вале натиҷаро нишон дода натавонем, ин як кори хом боқӣ мемонад. Ҳамчунин бояд гуфт, ки илмҳои дақиқ бе факт ягон асос надоранд ва бояд исбот кунем. Аз ҳамин лиҳоз кор дар ин соҳа каме заҳматталаб аст, вале мо кӯшиш менамоем шогирдонро дар ин роҳ хуб омӯзиш диҳем, то оянда барои миллату давлат хидмат намоянд»,-тазаккур дод номбурда.

Мудири кафедраи «Усули таълими химия» — и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон низ дар чорабинӣ маъруза намуда, дар мавзуи «Истифодаи хулаҳои алюминий дар соҳаи мошинсозӣ», ки шахсан дар ин мавзуъ кор кардааст, ба иштирокдорон маълумотҳои ҷолиберо бо факту далелҳо пешкаш намуд.

Тазаккур дода шуд, ки то ҳол ба Тоҷикистон беш аз 90 дарсади доруворӣ аз хориҷи мамлакат ворид карда мешавад, ки сифати он дуруст муайян карда намешавад.

Байни иштирокдорони ҳамоиш дар анҷом вобаста ба мавзуъҳои кашфиёт ва инкишофи техногияҳои нав дар Тоҷикистон табодули афкор сурат гирифт.

Барои иштирок ба намояндагони Вазорату донишгоҳҳо аз ҷониби Китобхонаи миллӣ туҳфаи хотирмон супорида шуд.

АКС: Китобхонаи миллии Тоҷикистон

Июль 3, 2023 09:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Институти биологии Помир оид ба рушди илму дониш дар замони истиқлол ҳамоиш доир шуд
Вазъияти кунунӣ ва сатҳи радиатсияи Искандаркӯл омӯхта мешавад
Китоби «Устозурраис Абурайҳони Берунӣ» ба нашр расид
РӮЗИ КИТОБ. Ғизои маънавии зиндагӣ бе китоб рангин нест
РӮЗИ КИТОБ. Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Рӯзи дарҳои боз баргузор мегардад
Дар Душанбе намоиш-фурӯши калони китобҳои тозанашр баргузор мегардад
Мутахассисони тоҷику хориҷӣ дар пиряхи Якарча таҳқиқоти маҷмуии илмӣ гузарониданд
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолатҳои химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ нахустин ҳамоиши минтақавӣ доир шуд
Зеҳни сунъӣ дар соҳаҳои санъати тасвирӣ ва дизайн тағйироти амиқ ба вуҷуд овардааст
Дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Рӯзнома ва маҷаллаи беҳтарин дар соли 2025» оғоз гардид
Барои мукофотонидани ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» 2 миллиону 660 ҳазор сомонӣ ҷудо карда мешавад
ТУҲФАИ АРЗАНДАИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН. Ба беш аз 57 ҳазор оилаи шаҳри Ваҳдат «Шоҳнома» тақдим мегардад