Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Минск бо вазири кишоварзӣ ва озуқавории Беларус вохӯрӣ намуд

Июль 21, 2023 17:10

ДУШАНБЕ, 21.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. 20 июл вохурии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус Бахтовар Сафарзода бо вазири кишоварзӣ ва озуқавории Ҷумҳурии Беларус, ҳамраиси Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Беларус оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ Игор Брило баргузор шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус хабар медиҳад.

Ҷонибҳо масоили тақвияти ҳамкории дуҷонибаро дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ карда, атрофи масъалаҳои муҳтавоии ҷаласаи 16-уми Комиссияи байниҳукуматӣ мубодилаи афкор намуданд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо ҳамзамон дар мавриди иштироки эҳтимолии ширкатҳои номдори агросаноатӣ ва саноати сабуки Беларус дар ҳамоишҳои сармоягузорӣ табодули афкор намуданд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус

Июль 21, 2023 17:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазъи кунунии ҳамкории мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ гардид
Дар шаҳри Кӯлоб кишти пунбадона оғоз гардид
Густариши ҳамкорӣ дар самти энергетикаи Тоҷикистон бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд баррасӣ гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар вилояти Суғд суръати рушди соҳаи саноат 13 банди фоизӣ коҳиш ёфтааст»
Дар Хатлон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт сохта мешавад
ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд