ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 июл, сешанбе, 199-умин рӯзи соли 2023 аст

Июль 18, 2023 08:00

Дар ин рӯзи соли 2017 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» имзо гузоштанд.

***

18 июли соли 2012 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоӣ бо  вазъи корҳои кишоварзӣ ва мулоқоту суҳбат бо мардум ба ноҳияи Рӯдакӣ сафар намуданд. Сарвари давлат бо фаъолияти якчанд хоҷагии деҳқонӣ, шабакаҳои обрасонӣ, маркази илмию таҷрибавии Академияи кишоварзӣ ва корхонаи парвариши гулмоҳӣ шинос шуданд.

***

18 июли соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Дмитрий Медведев масоили гуногунҷанбаи ҳамкории Тоҷикистон ва Русияро муҳокима намуданд.

18 ИЮЛ:

Рӯзи байналмилалии Нелсон Мандел.

***

Дар Испания- Рӯзи меҳнат.

***

Дар Русия- Рӯзи хизматчиёни хадамоти ҳифзи ҳуқуқи корҳои дохилӣ.

РӮЙДОДҲО:

18 июли соли 1997 Конференсияи таъсиси Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон баргузор гардид.

***

18 июли соли 1916 иттифоқҳои касабаи Англия ба мувофиқа расиданд, ки ҳангоми амалиёти ҷангӣ таҷлил намудани ҷашнҳо манъ гардад.

Июль 18, 2023 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш