Таъмиру навсозии қитъаи роҳи Барсеми ноҳияи Шуғнон ва бунёди долонҳои зиддитармавӣ оғоз гардид

Июль 6, 2023 19:39

ХОРУҒ, 06.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Таъмиру навсозии қитъаи роҳи мавзеи Бердикободи деҳаи Барсеми Ҷамоати деҳоти Сучони ноҳияи Шуғнон, ки соли 2015 зери об монда буд, оғоз гардид, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Файз Мирасан.

Роҳе, ки бунёд мегардад, аз ду хати ҳаракат иборат буда, паҳноии он 12 метрро ташкил медиҳад. Мувофиқи лоиҳа, дар ин роҳ бунёди як пули мошингард, 2 адад долонҳои зиддитармавӣ бо дарозии як километру 550 метр, панҷараҳои оҳанини муҳофизатӣ ва 4 истгоҳ дар назар гирифта шудааст.

Фармоишгари ин қитъаи роҳ Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, паймонкори асосии лоиҳаи мазкур ширкати чинии «Чайна Роуд Энд Бридҷ Корпорейшн» мебошад.

Раиси Ҷамоати деҳоти Сучони ноҳияи Шуғнон Кайхусрав Асматбеков гуфт, ки «ин яке аз қитъаҳои душвору хатарнок ва осебпазир дар баробари селу тарма на танҳо дар ноҳия, балки дар ҳудуди вилоят шумурда мешавад. Соли 2015 як сели азим дар ин мавзеъ ҷорӣ шуда, ҷараёни рӯдхонаи Ғундро баст ва ҳавзи сунъиро ба вуҷуд оварда, наздики 2 километр роҳи мошингардро комилан аз байн бурд. Роҳсозон кӯҳи азимро дар муддати кутоҳ рахна намуданд ва як роҳи муваққатиро кушоданд. Пас аз ба итимом расидани таҳияи лоиҳаи ин қитъаи роҳ ширкати бонуфузи чинӣ ба татбиқи он шуруъ кард.

Дар таъмиру таҷдиди роҳ алъон 40 нафар роҳсоз ба кор ҷалб шуданд, ки аксари онҳо сокинони Ҷамоати деҳоти Сучон мебошанд».

Бояд гуфт, ки водии Ғунди ноҳияи Шуғнон яке аз водиҳои сербарфу сербориш ба ҳисоб рафта, сардии ҳаво дар фасли зимистон баъзан то 35- 40 дараҷа поин мефурояд.

Бунёди қароргоҳи роҳсозон ба анҷом расонда шуда, бунёди корхонаҳои хурди коркарди санг, истеҳсоли мумфарш, нуқтаи таъмири техникаву механизмҳо идома дорад.

Мутобиқи нақша, таъмиру навсозии ин ин қитъаи роҳ дар арафаи 35-солагии ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расонда мешавад.

Ёдовар мешавем, ки аз 12 то 21 июли соли 2015 бар асари ҷорӣ шудани сел дар деҳаи Барсеми ноҳияи Шуғнон 81 хонаи истиқоматӣ, муассисаҳои таълимию фарҳангӣ, киштзору боғ хароб гардид. Ҳамагӣ дар давоми 6 моҳ Ҳукумати ҷумҳурӣ барои сокинони зарардида, дар ҷои бехатар деҳаи нав бо номи Раҳмонобод бунёд намуда, онҳоро бо тамоми асбобҳои зарурии рӯзгор таъмин намуданд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 6, 2023 19:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Эрон дар самти густариши ҳамкории саноатӣ ва тиҷоратӣ ба мувофиқа расиданд
Дар Душанбе тақвияти ҳамкории гумрукӣ байни Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ гардид
Дар ҷаласаи гурӯҳи корӣ масъалаи пешгирии талафот ва истифодаи ғайриқонунии неруи барқ баррасӣ шуд
Ҷаласаи муштараки гурӯҳи корӣ ва муколамаи миллии сиёсӣ оид ба идоракунии захираҳои об баргузор гардид
Ҳаҷми гардиши савдо байни Тоҷикистон ва Эрон 483,9 миллион доллари амрикоиро ташкил дод
Тоҷикистон бо Бонки Осиёии Рушд дар самти рақамикунонии фаъолияти гумрукӣ ҳамкориро густариш медиҳад
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо корҳои созандагию ободонӣ дар ноҳияи Ёвон шинос гардид
Дар Душанбе ҷаласаи 13-уми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратӣ ва иқтисодии Тоҷикистону Узбекистон баргузор шуд
Байни Тоҷикистон ва Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ барои бунёди хати интиқоли барқ дар Тоҷикистон Созишномаи молиявии грантӣ ба имзо расид
Вазири саноат, маъдан ва тиҷорати Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар Хатлон дар беш аз 64 ҳазор гектар тухмгузории малахи марокашӣ ба қайд гирифта шудааст
Ба иқтисоди Тоҷикистон соли 2025 қариб 7 миллиард доллар сармояи хориҷӣ ворид гардид