ВАЙРОНКУНИИ ҚОНУНГУЗОРИИ ЗАМИН. Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ 7 ҳазору 803 ҳолати истифодаи ғайримақсадноки заминро ошкор намуд

Июль 11, 2023 15:30

ДУШАНБЕ, 11.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Аз 7 ҳазору 803 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин, ки дар нимсолаи аввали соли равон аз ҷониби нозирони Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти он дар маҳал ошкор гардид, 7 ҳазор дастур барои бартараф намудани онҳо дода шуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ хабар доданд, нисбат ба 6 ҳазору 548 ҳолат парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда, ба маблағи 3 миллиону 678 ҳазору 27 сомонӣ қарорҳои ҷаримабандӣ қабул гардид, ки аз ин 2 миллиону 825 ҳазору 67 сомонӣ ба суратҳисоби махсуси Кумитаи давлатӣ ворид шудааст.

Умуман давоми нимсолаи аввали соли равон аз ҷониби нозирони Кумитаи давлатӣ 13 ҳолати қабули қарорҳои ғайриқонунӣ дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Варзоб, Кушониён, Панҷ, Ёвон ва Варзоб вобаста ба замин ошкор шуда, барои бекор намудани онҳо ва ба талаботи қонунгузорӣ мутобиқ намудани ин қарорҳо пешниҳодҳои дахлдор ирсол гардид.

Инчунин дар ин давра Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ дар ноҳияҳои Панҷ ва Ёвон санҷиши риояи талаботи қонунгузории замин гузаронида, дар маҷмӯъ 257 ҳолати вайронкунии қонунгузории заминро дар ин ноҳияҳо ошкор ва қарорҳои ғайриқонуниро бекор намуд.

АКС: Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 11, 2023 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазъи кунунии ҳамкории мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ гардид
Дар шаҳри Кӯлоб кишти пунбадона оғоз гардид
Густариши ҳамкорӣ дар самти энергетикаи Тоҷикистон бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд баррасӣ гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар вилояти Суғд суръати рушди соҳаи саноат 13 банди фоизӣ коҳиш ёфтааст»
Дар Хатлон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт сохта мешавад
ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд